Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фронти Халқӣ хостори афв ва озодии аъзои собиқаш шуд


Иброҳим Исмоилов, аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ.
Иброҳим Исмоилов, аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ.

Намояндагони пешини Фронти Халқӣ мехоҳанд, дар остонаи ҷашни Ваҳдати Миллӣ аъзои зиндонии он афв карда шавад.

Бархе аз роҳбарони пешини Фронти Халқӣ мехоҳанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон аъзои зиндонии ин созмонро афв кунад. Иброҳим Исмоилов, аз фармондеҳони пешини ин созмон, ки дар замони фаъолияти Фронти Халқӣ ситоди марказии онро роҳбарӣ мекардааст, аз Шӯҳрат Қудратов, як нафар вакили дифои тоҷик хостааст, то масъулияти таҳияи аснод ва омодасозии феҳристи аъзои зиндонии ин созмонро бар дӯш гирад.

Шӯҳрат Қудратов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миёни ӯ ва сардори пешини ситоди Фронти Халқӣ мувофиқа ҳосил шудааст, ки ному насаби бандиёни ин созмонро маълум ва дар як рӯйхат ворид ва сипас ба раисиҷумҳур ҷиҳати афв пешниҳод намояд.

Вай дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, бинобар ҳисобҳои тахминии онҳо ҳоло дар маҳбасҳои Тоҷикистон бештар аз 150 аъзо ва ҷангиёни собиқи Фронти Халқӣ ба сар мебаранд, ки дар шумори онҳо генералҳое чун Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, низ ҳастанд.

Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз он ки ӯ дар ин авохир ҳуқуқҳои Ёқуб Салимовро ҳимоят мекунад, яъне адвокати ӯ мебошад, Иброҳим Исмоилов ба ӯ таваҷҷӯҳ карда ва аз ӯ хостааст, ки дар ин кор кӯмак кунад. Ҷаноби Қудратов аз қавли сардори собиқи Ситоди Фронти Халқии Тоҷикистон гуфт, тӯли ин ҳама солҳои зиндон аъзои собиқи Фронти Халқӣ ранҷ кашида ва подоши гуноҳи худро гирифтаанд ва бо ба озодӣ баромадан дигар онҳо даст ба кирдорҳои бад намезанад.

Ин вакили дифоъ афзуд, ҳоло ӯ вазифадор шудааст, ки ин феҳристро то рӯзи 27-уми июн, яъне рӯзи Ваҳдати Миллӣ омода ва ба унвони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бифристад.

Фронти Халқии Тоҷикистон як созмони сиёсиву низомӣ дар замони ҷанги дохилӣ буд, ки алайҳи Ҳукумати Мусолиҳаи миллӣ ташкил шуда ва баъд аз Иҷлосияи 16-уми Хуҷанд, ки намояндаи худро сари кор овард, дар моҳи феврали соли 1993-юм аз тарафи роҳбари он Сангак Сафаров пароканда эълон гардид. Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҳамин Фронти Халқӣ ташкил ёфтааст. Ахиран бархе намояндагони ин созмон эълон доштанд, ки дар талоши "эҳё"-и Фронти Халқиянд, аммо бидуни силоҳ.

Дар оғози моҳи майи соли ҷорӣ Муҳиддин Кабирӣ , раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо ирсоли як нома ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хоҳиш кард, то ба муносибати 15-солагии таҷлил аз Иди Ваҳдат размандагони собиқи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ)-ро афв кунад. Масъулони ҲНИТ гуфтанд, ки ин нома бо замимаи ному насаби 161 нафар аз размандагон ва аъзои собиқи оппозитсиюн ба президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Баъд аз он бархе аз размандагони собиқи ИНОТ изҳори норизоӣ карданд, ки номи онҳо дар ин феҳристи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҷо нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG