Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон айши Русияро каме талх кард


Дар идомаи мусобиқоти ҷоми қаҳрамони Аврупо Русия ва Лаҳистон дар бозии ҳаяҷонангезе танҳо як голӣ зада ва бо ҳисоби мусовӣ бозиро анҷом доданд. Голи аввалро Алан Дзагоев аз Русия зад, вале дар нимаи дуввум Якуб Блазсизовски лаҳистонӣ бо зарбаи бисёр зебое айши футболбозони русро талх кард. Тими миллии Ҷумҳурии Чех, ки ташнаи пирӯзӣ буд, ба ин муродаш расид ва Юнонро бо ҳисоби 2 бар як шикаст дод. Ва имрӯз дастаҳои Дания ва Португалия дар муқобили ҳам қарор мегиранд ва Ҳолланд бо Олмон.
XS
SM
MD
LG