Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳосили Қонуни танзими анъана барои мардум


Мақомоти Тоҷикистон таъриф кардаанд, ки ба шарофати Қонуни танзими анъанаву ҷашнҳо, мардум тайи 4 соли гузашта 8 миллиард сомонӣ, ё бештар аз 1 миллиарду 675 миллион доллар сарфаҷӯӣ кардаанд. Қонуни мазкур, ки баъди қабулаш дар соли 2007 баҳсҳоеро дар ҷомеа барангехт, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, иҷоза додааст, пасандозҳои мардум дар бонкҳо 20 баробар афзоиш ёбад. Қонун дар бораи танзими расму ойинҳо, аз ҷумла баргузории 19 маърака ва харҷи зиёд дар дигар ҷашнҳоро мамнӯъ мекунад. Мақомоти Тоҷикистон тайи чаҳор соли гузашта бештар аз 900 мавриди риоят накардани ин қонунро сабт карда ва аз гунаҳкорон 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонидаанд.
XS
SM
MD
LG