Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Марши миллионҳо" истеъфои Путинро талаб кард


Имрӯз, ҳазорон нафар дар Маскав бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Владимир Путин ва ислоҳи низоми интихоботи Русия дар раҳпаймоии навбатӣ аз силсилаи “Марши миллионҳо”-и мухолифин ширкат карданд. Пулис шумори тазоҳургаронро ҳудуди 18 000, вале созмондиҳандагонаш аз 30 то 100 000 нафар баровард мекунанд. Дар манифести раҳпаймоӣ, ки Евгения Чирикова қироат кард, истеъфои Путин талаб шудааст: “Мо табдили сохти сиёсиро зарур мешуморем. Ва нахустин коре ки бояд анҷом шавад, истеъфои Владимир Путин аст.”
Дар пешорӯи ин тазоҳурот чанд раҳбари умдаи мухолифинро дар иртикоби эътирози рӯзи 6 май, ки ба даргирӣ бо пулис печид, ба бозпурсӣ даъват карданд. Пулис дирӯз манзилҳо ва дафтарҳои ин раҳбаронро низ кофтукоб кард.
XS
SM
MD
LG