Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Имрӯз, ҳазорон нафар дар Маскав бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Владимир Путин ва ислоҳи низоми интихоботи Русия дар раҳпаймоии навбатӣ аз силсилаи “Марши миллионҳо”-и мухолифин ширкат карданд. Пулис шумори тазоҳургаронро ҳудуди 10 000, вале созмондиҳандагонаш беш аз 20 000 нафар баровард мекунанд.
Дар пешорӯи ин тазоҳурот чанд раҳбари умдаи мухолифинро дар иртикоби эътирози рӯзи 6 май, ки ба даргирӣ бо пулис печид, ба бозпурсӣ даъват карданд. Пулис дирӯз манзилҳо ва дафтарҳои ин раҳбаронро низ кофтукоб карда, аз мусодираи маблағҳои бузург хабар дод.
XS
SM
MD
LG