Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми 99-уми Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии сулҳ


Тоҷикистон имсол дар гузориши Шохиси ҷаҳонии сулҳ дар байни 158 кишвар дар мақоми 99-ум ҷой гирифт. Шохиси ҷаҳонии сулҳ, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ нашр кард,мегӯяд, ҷаҳон дар соли 2011 бо вуҷуди хушунатҳои Сурия ва ошӯбҳои иҷтимоӣ дар Аврупо ба сулҳи бештар даст ёфтааст. Ин гузориш бори аввал кишварҳои Саҳрои кабири Африқоро нооромтарин гӯшаи дунё ном набурд ва ин “шараф”-ро имсол ба маҳзи “Баҳори Араб” ба Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ дод. Шохиси ҷаҳонии сулҳ бар пояи 23 аломат, чун тадобири зидди ошӯбҳо, мизони ҷиноёт ва хароҷоти низомӣ, таҳқиқ шудааст.
XS
SM
MD
LG