Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кишвари амнтар шудааст


Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод дар Амрико шохиси кишварҳои амн дар ҷаҳонро нашр кардааст, ки Тоҷикистон дар он шохис аз миёни 158 кишвар дар мақоми 99 қарор дорад. Аз ин гузориш чунин бармеояд, ки Тоҷикистон назар ба соли гузашта имсол амнтар шудааст, зеро онро аз мақоми 103 дар соли 2011 чаҳор зина боло бурдаанд. Сатҳи амният дар кишварҳоро бар асоси 23 меъёр аз ҷумла вуҷуди муноқиша, воридоти силоҳ, теъдоди зиндониён, беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон, ҷиноятҳои сангин ва муносибат бо ҳамсоякишварҳо арзёбӣ мекардаанд. Дар ин шохис, Қазоқистон дар мақоми 105, Ӯзбакистон дар мақоми 110, Туркманистон дар мақоми 117, Қирғизистон мақоми 131 қарор доранд. Аммо Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон яке аз ноамнтарин кишварҳои ҷаҳон хонда шудааст ва дар мақоми 157 қарор дорад. Ва се кишвари амнтарин дар ҷаҳон Исландия, Дания ва Зеландияи нав будаанд, ки боифтихор дар се зинаи аввали ҷадвали амнтарин кишварҳои ҷаҳон нишастаанд.
XS
SM
MD
LG