Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зилзилаи пуршиддате хоки Афғонистонро такон дод


Дар шимоли Афғонистон бар асари ду зилзилаи шадиде миёни мардум тарсу ноумедӣ боло гирифтааст. Мақомот дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони озод гуфтанд, ки як деҳаи вилояти Бағлонро лою сангҳои азим пахш кардааст. Дар вулусволии Буркаи ин вилоят бар асари кӯчиши хок, ки дар паи зилзила мушоҳида шудааст, 20 манзил хароб шуданд. Ҳанӯз иттилое роҷеъ ба хисороти эҳтимолии ҷонӣ дар даст нест. Шиддати ларзиши заминро аз рӯи ҷадвали Риҳтер 5 дараҷа муайян кардаанд, ки ҳатто дар қаламрави 160-километрии ҷанубуғарби кишвар шаҳри Файзобод эҳсос шудааст. Дар Тоҷикистон, ки ҳамчунон такконхӯрии замин эҳсос шудааст, мегӯянд, дар ҳудуди Душанбе мизони ларзиш тақрибан ду дараҷа ва дар шарқи кишвар то 4-5 дараҷаи Риҳтер будааст. Дар қаламрави Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ ба қайд гирифта нашудааст.
XS
SM
MD
LG