Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров:Маскав мухолифи рафтани Асад нест, агар...


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Вазири хориҷаи Русия гуфт, нигаронии Маскав аз низоъи Сурия меафзояд, вале Русия мухолифи истифодаи нирӯ аз хориҷ боқӣ мемонад.Сергей Лавров аммо гуфт, Русия зидди рафтани Башор Асад нест, агар ин тасмимро худи мардуми Сурия бигирад. Дар ҳоле ки Русия ба анҷумани байналмилалӣ дар масъалаи Сурия исрор меварзад, хашми ҷаҳон аз куштори мардуми мулкӣ бо дасти нирӯҳову шибҳанизомиҳои содиқ ба Асад бештар мешавад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъа дар Вошингтон бо фиристодаи байналмилалӣ Куфӣ Анон роҳҳои хатми 15 моҳи хунрезиҳо дар Сурияро баҳс кардааст. Бо ин ҳол, ба гуфтаи фаъолон, тӯпборони шаҳри ҷанубии Даръо аз сӯи нирӯҳои Сурия дастикам 17 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG