Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари генерал Маҷидов ба 14 сол маҳкум шуд


Додгоҳи низомии гарнизони Хатлон прапоршики нирӯҳои марзбонӣ Зиёвиддин Шариповро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 20 соли зиндон ва шарикони ӯ Маҳмадуллоҳ Маҷидов ва Хуршед Раҳимовро 14-солӣ маҳкум кард. Ин афрод дар моҳи январ дар ҷануби Тоҷикистон бо 106 кило маводи мухаддири асосан навъи ҳашиш дастгир шуда буданд. Маҳмадуллоҳ Маҷидов писари генерали милиса Ҳабибуллоҳ Маҷидов аст, ки фармондеҳии воҳиди махсуси идораи бозрасии нақлиётро бар ӯҳда дорад. Бино ба хабари дигар, ки «Азия Плюс» нашр кард, мақомоти милиса ахиран зимни ду амалиёт дар ноҳияи Ҳамадонӣ 107 кило маводи мухаддир мусодира карда,як сокини рустои Комсомол ва як тан аз рустои Сайроби ин ноҳияро дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG