Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарафдорон ва зердастонаш талош доранд, албоми нави Гулнора Каримоваро “дастоварди мусиқии ҷаҳон” унвон кунанд.

Агар ҳангоми ҷустуҷӯи ягон таронаи овозхони машҳури эронӣ Гугуш дар шабакаи интернет ба номи ӯ иштибоҳан як ҳарфи “а” зам кунед, бо даҳҳо суруди сарояндаи дигар -- Гулнора, духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, рӯбарӯ мешавед. Вай гуфтааст, падараш ӯро дар кӯдакӣ бо ҳамин номи “Гугуша” хитоб мекардааст ва Фоиқа Оташин, ки ҳанӯз дар худсолияш дар солҳои 1950 рӯйи саҳна омада буд, низ мегӯяд,он замон падараш, навозанда Собир Оташин ӯро “Гугуш” хитоб мекард.

Аммо Гугуша кист? Дар ҷилди албуми наваш “Round Run” ё “Давидани давра”, ки ба забони англисӣ сурудааст, Гулнора Каримова худро “шоир, соҳиби овози метсо-сопрано, тарроҳи либос ва намунаи зебоии экзотикӣ” номида, гуфтааст, ҳадаф дорад ба мусиқии ҷаҳонӣ роҳ ёбад. Бо ишора ба ин маҷмӯа ин ҷову он ҷо ӯро ба Риҳанна, Мадонна, Адел, Шакира, Биёнсӣ ва дигарон монанд кардаанд. Овозхони рус Маским Фадеев таронае бо номи “Гугуша” сурудааст, ки ҳадаф аз он нашри бештар додани номи овозхони шоир ва тарроҳои либос аст.

Бисёре аз сокинони Узбакистон Гулнораро ба ҳайси як ғоратгари носераме мешиносанд, ки бо мафияи Узбакистон шарик аст. Духтари 39-солаи раисиҷумҳури Узбакистон то ин авохир бо номи “Зеромакс” як империяи гардиши пулу молро сохта буд, ки риштаҳои асосии иқтисоди ин кишварро зери назорат дошт. Ду сол пеш бо амри худи Ислом Каримов ин империя ба дасти давлат гузашт ва ба бахшҳо тақсим гашт.

Акнун Гугуша бештар ба тарҳрезии либосу ҷавоҳирот, даъвати ҳунарпешаҳо, варзишгарон ва чеҳраҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба Узбакистон, маъракаҳои зоҳирпарастонаи хайрия ва эҷоди таронаҳои ишқӣ машғул аст. Ҳунаршиносон ӯро дар сарояндагӣ боистеъдод намешуморанд.



Албоми нави Гулнора Каримова низ аз тарафи мусиқишиносон баҳои хуб нагирифт, аммо дар торнамои Гугуша гуфта мешавад, гӯё маҷаллаи ҷаҳонии "Billboard" ба ин маҷмӯа баҳои баланд додам ва телевизиони CNN бо худи овозхон мусоҳиба анҷом дод, ки гӯё дар торнамои ин шабакаи маъруф нашр шудааст. Аммо на дар маҷаллаи "Billboard" ва дар торнамои CNN.com чизе марбут ба албом ва муаллифи он ба назар намерасад. Пайвандҳое, ки дар торнамои хусусии Каримова нашр шудаанд, комилан ба ҷои дигар мебаранд. Дар шабакаи Ютюб наворе нашр шудааст, ки дар он баъзе аз овозхонҳои саршиноси Узбакистон яке паси дигар аз сурудҳои нави Гугуша ситоиш мекунанд. Ин навор дар сафҳае бо номи “Иқтисодиёти Узбакистон”, ки шояд марбут ба ҳукумати ин кишвар аст, мунтариш шудааст.



Як ҳунаршиноси англисизабон гуфтааст, оҳангҳои нави Гулнора Каримова аз таронаҳои Эния ва Мобӣ нусхабардорӣ шуда, матни онҳо хеле омиёна ва гоҳе бемаъност.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG