Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати дигар аз Эрон дар остонаи музокирот


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз Эрон хост, бо омодагии воқеъӣ барои бардоштани “гомҳои мушаххас” аз ҷумла қатъи ғанисозии ураниуми 20 дарсадӣ ба музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ҳозир шавад. Баъди ғанисозии ураниуми ғализи 20 дарсадӣ, то сохти бомби атомӣ чанд қадами дигар мемонад. Эрон мегӯяд, ин навъи ураниумро барои ҳадафҳои тиббӣ лозим дорад, на сохти бомби атомӣ, аз ин рӯ аз ҳосил кардани он даст нахоҳад кашид. Ҳилларӣ Клинтон, рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Истанбул гуфт, масъалаи қатъи ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ дар нишасти навбатӣ дар шаҳри Маскав як талаби асосии кишварҳои ғарбӣ хоҳад буд, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, бомби атомӣ бисозад. Даври нави музокироти ҳастаии Эрон бо Фаронсаву Олмон, Амрикову Чин ва Бритониёву Русия рӯзҳои 18 ва 19 июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG