Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиш ба вуруди нозирон ба Ал-Хубайра иҷоза намедиҳад


Артиши Сурия ба нозирони Созмони Милали Муттаҳид иҷозаи рафтан ба деҳаи Ал-Хубайрро намедиҳанд. Ба гуфтаи фаъолони мухолифин, дар ин деҳа аъзои як гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат 78 нафар, аз ҷумла, занону кудакони зиёдеро куштаанд.

Раиси ҳайати нозирони генерал Роберт Муд изҳор намуд, ки зердастони ӯро дар постгоҳҳо нигаҳ дошта, бозпас мегардонанд. Афроди либоси мулкӣ дар тан ҳам ба нозирон иҷозаи вуруд ба шаҳри Ҳомаро надоданд.

Имрӯз хабаре нашр шуд, ки бар асари амалиёти гурӯҳи пуштибон аз ҳукумати “Шабиҳа” дар деҳаҳои Ал-Хубайр ва Моразафи вилояти Ҳома дасти кам 78 нафар ба ҳалокат расиданд. Ва аммо ҳукумати Сурия даст доштанаш дар ин кушторро рад кард. Дар изҳороти расмии Димишқ ин хабар чун “дурӯғ” арзёбӣ ва гуфта шудааст, ки дар он ҷо ҷасади фақат 9 нафари аз тири аъзои гурӯҳи террористӣ кушташударо ошкор кардаанд.

Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон хушунат дар Сурияро "аз ҳад беш" хонд ва бори дигар аз раисиҷумҳур Башор Асад хост, ки ба истеъфо равад.

Ду ҳафта пеш дар шаҳри Ҳулаи Сурия 108 сокини осоишта кушта шуданд. Мухолифин, нозирони СММ ва кишварҳои ғарбӣ дар ин ҳодиса мақомоти Сурияро муттаҳам намуданд, Димишқ бошад ангушти иттиҳом сӯи мухолифини мусаллаҳ кард.
XS
SM
MD
LG