Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуоти Тоҷикистон: "Чин ҷойи Русияро мегирад?"


Tajikistan -- Tajik newspapers, Dushanbe, 04Aug2011

Tajikistan -- Tajik newspapers, Dushanbe, 04Aug2011

Боздиди расмии Путин аз Тошканд ва паёмади он барои Тоҷикистон дар меҳвари матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе қарор дорад.

«СССР» ин сафари раиси ҷумҳури Русияро ба маънии маълум шудани шарики стратегии ин кишвар дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардаааст. Нашрия дар матлаби «Хосияти тошкандӣ» -и Путин» навиштааст, ки Тоҷикистонро лозим аст, ки то «аз сафари аввалахири президенти Русия ба Минск, Тошканд ва Остона бояд хулосаҳое бардорад. Дар ҳоле, ки сафари аввалини Путин ба сифати президенти нави Русия на ба Тоҷикистон, балки ба Узбакистон иттифоқ афтодааст».

«Наҷот» дар матлаби «Авлавиятгузориҳо» бар ин аст, ки «Путин бо доир кардани дидор ва мулоқот бо Каримов авалият қоил аст ва роҳи ҳалли ҳар гуна масоили минтақавиро танҳо тавассути Тошканд мебинад». Аммо бо ин ҳам нашрия менависад, «албатта дар миёни ҷаноби Путин ва Каримов сари мушкилоти неругоҳи «Роғун» ҳам баҳс сурат гирифтааст ва Маскав бо тамоми имкониятҳо талош меварзад, ки идораи ин сохтмонро ба даст гирад ва Тошкандро низ ба ин раванд шомил созад».

«Имрӯз нюз» боздиди Путин аз Тошкандро дар нисбати Тоҷикистон «гашти шатранҷӣ» унвон кардааст. Ба навишати нашрия, «Путин дар масъалаи «Роғун» гашти шатранҷиро анҷом дод. Яъне дар ин масъала вокунише накард, вале баъд аз ба узвияти минтақаи тиҷоратии озоди ИДМ қабул шудани Узбакистон, ки Тоҷикистон низ узви он мебошад, эҳтимол онро дар доираи ҳамин созмон ҳал хоҳад кард».

«Озодагон» адами сафари Путин ба Тоҷикистонро ба хоҳиши ӯ марбут дониста ва навиштааст, ки «агар раиси ҷумҳури Русия мехост, ҳатман аз Тоҷикистон дидан мекард». Аммо ҳамзамон нашрия ба нақл аз коршиносон менависад, «Душанбе дар масоиле марбут ба сохтмони «Роғун» ва пардохти маблағ барои пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон набояд умед бар Маскав бандад». Зеро ба навиштаи нашрия «Русия ҳамчун кишвари абарқудрат барои расидан ба манфиатҳои хеш ба ҳама кор қодир аст».

«Фараж» суоли «Чин дар шарики стратегӣ ҷойгузини Русия мешавад?» -ро матраҳ кардааст. Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҲУСДТ низ гуфтааст, ки «Чин кӯшиш карда истодааст, ки дар минтақа нуфузи зиёдтар дошта бошад ва барои Тоҷикистон густариши равобит ва муносибат бо ин кишвари рӯ ба тараққӣ ва дар асоси умумияти манфиатҳо, ба фоидаи кор аст. Аммо Мӯсо Асозода, коршиноси сиёсӣ бар ин назар аст, ки «шарики боэътимоди Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда танҳо метавонад Русия бошад».

«Миллат» ин сафарро аз пуртаваҷҷӯҳтарин рӯйдоди ин ҳафта барои тоҷикон талаққӣ карда ва ҷӯйёи посух ба суоли «Аз сафари ахири Путин ба Узбакистон мо чиро бояд интизор дошта бошем?», шудааст. Сайфулло Муллоҷонов, устоди ДМТ гуфтааст, ки «ин гуна вохӯрӣ ва ин гуна гуфтушунидҳое, ки мехоҳанд сарнавишти моро берун аз сарҳади мо, новобаста аз хоҳиши мо ва бе ширкати мо, бе назардошти манфиати мо ҳал менамоянд, албатта боиси нигаронист». Ин аст, ки ин таҳлилгар мегӯяд, «моро зарур аст, ки дар баробари чунин тавтеъаҳо ва ин гуна гуфтушунидҳои пасипардагӣ аз одитарин шаҳрванди Тоҷикистон сар карда то болотарин мақоми сарварӣ ба хулосае биёем ва як хатеро интихоб намоем, ки дар сиёсати давлатамон, дар сурати бурузи чунин ҳодисаҳо, дар баробари ин гуна дахолатҳо истодагарӣ карда тавонем». Ҳамзамон Муллоҷонов бар ин аст, ки «масалан он воқеаҳое, ки дар Сурия ба вуқуъ пайвастанд, бори дигар дарак медиҳанд, ки мехоҳанд сарнавишти кишварҳоро тавре, ки худашон мехоҳанд, ҳал кунанд».

«Азия плюс» дар матлаби «Тоҷикистон. Нигоҳе аз Русия», ки ба қалами журналист ва сиёсатшиноси рус Андрей Захватов тааллуқ дорад, навиштааст, ки «он чӣ ки сиёсати берунии Русия, ба хусус нисбати Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад шуд, ояндаи наздик нишон хоҳад дод». Аммо муаллиф мӯътақид аст, ки «аз қадамҳои аввали Путин мешавад дарк кард, ки ҷаҳон ояндаи наздик Путини дигареро - қотеъ ва прагмарикро хоҳад дид». Зеро ба таъкиди муаллиф «дар шароити эҳтимоли мавҷи навбатии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ Путин талаботро нисбат ба худ ва ҳамчунин шариконаш дар Иттиҳоди АврОсиё бештар хоҳад кард. Ба ин далел набояд ба ин розӣ нашуд».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG