Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба Сурия аз эъмоли таҳрим


Ҳукумати Амрико рӯзи чаҳоршанбе ба Сурия ҳушдор дод, ки ба хотири саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони мухолифи ҳукумат, мумкин аст, ба зудӣ алайҳи он кишвар таҳримоти сахти иқтисодӣ эъмол кунад. Дар нишасте дар шаҳри Вашингтон бо гурӯҳи “Дӯстони мардуми Сурия” Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико аз ҳукуматҳои ҷаҳон даъват кард, ба Башшор Асад, ба ҳадде фишори моливу иқтисодӣ биёранд, ки аз қудрат биравад. Тимотӣ Гейтнер афзуд:" Иёлоти Муттаҳидаи Амрико умедвор аст, ки тамоми кишварҳои масъул ба ҷараёни эъмоли таҳримоти муносиби иқтисодӣ алайҳи режими Башшор Асад мепайванданд, аз ҷумла дар сурати зарурат ба Боби 7 Маншури Созмони Милал, ки Иттиҳодияи Араб ҳафтаи гузашта пешниҳод кард." Боби 7 маншури Созмони Милал, таҳримоти сахтгирона ва аз ҷумла андешидани чораҳои ғайринизомӣ ва низомӣ барои барқарории сулҳро дар назар дорад. Айни замон гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Сурия гуфтанд, дар даргириву ҳамлаҳои рӯзи чаҳоршанбе 42 ғайринизомии дигар кушта шудаанд. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар 15 моҳи пеш то унун 9 ҳазор нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG