Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чину Русия - зидди мудохилаи хориҷӣ ба хоки Сурия


Раҳбарони Чину Русия – Ҳу Ҷинтао ва Владимир Путин мухолифати худро ба вуруди нирӯҳои хориҷӣ ба хоки Сурия, ҳамлаҳои мусаллаҳона ва таҳримҳои бештари эҳтимолӣ зидди Эрон баён карданд. Дар изҳороти муштараки ду президент таъкид мешавад, ки онҳо қотеона мухолифи талошҳо барои ҳалли бӯҳрони Сурия аз роҳи мудохилаи берунаи хориҷӣ буда, зидди тағйири таҳмилии режим дар ин кишвар ҳастанд. Ин изҳорот дар поёни рӯзи аввали нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой садо дод. Дар ин нишаст, ки фардо натиҷагирӣ мешавад, таҳдидҳои терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG