Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳарду маҷлиси парлумони Русия қонунеро, ки ҳаҷми ҷарима барои ширкат дар эътирозҳоро боло мебарад, тасвиб карданд.

Думаи давлатӣ ин тарҳи баҳсбарангезро баъди беш аз 10 соати баҳси доғ тасвиб кард, вале дар Шӯрои Федератсия, ки комилан дар дасти намояндагони ҳизби ҳокими Русия воҳид қарор дорад,ин қонуни зидди эътирозгарон якбора дар қироати ҳам якум ва ҳам дуюм тасвиб шуд.

Қонуни нав барои поймол кардани тартибот дар ҷараёни эътирозҳо ба ҷои як ё ду ҳазор рубл ҷаримаи феълӣ ҷарима ба маблағи аз 5 000 то 300 000 рубл(муодили 9 000 доллар) барои афроди алоҳида ва то 1,5 миллион рубл (зери 30 000 доллар) барои мансабдорон ва созмонҳоро пешбинӣ карда, ҷазоҳое, чун аз 20 то 200 соат “кори иҷборӣ”-ро низ фаро мегирад.

Пешнависи аввал ҷаримаи афрод то 1,5 миллион рублро дар назар дошт, ки давлат дар ниҳоят таҳти фишори мухолифин аз чунин ҷазои беш аз ҳадд сарфи назар кард. Тибқи ин қонун, аъмоле, ба мисли мамониат ба ҳаракати нақлиёт, расондани зиёни моддӣ ва ҳатто пӯшондани рӯю ширкат дар “сайругаштҳои оммавӣ”, ки мухолифин дар ин авохир аз ин шеваи сулҳомези эътироз фаровон кор мегиранд, низметавонад “поймол кардани тартибот” талаққӣ шавад.

Ба назари мунтақидон, ҳадафи аслии Кремл хунсо кардани мавҷи эътирозҳоест, ки Русияро баъди бозгашти Владимир Путин ба Кремл фаро гирифтааст. Сергей Миронов, раиси ҳизби мухолифи Русияи боадолат қонуни навро як тарҳи бемаъниву пӯч номид ва гуфт: “Фирқаи мо тамоми корро кард, ки чӣ қадар бемаъниву беоқибат будани ин қонунро, ки мехоҳад даҳони мардуми моро бандад, нишон диҳад."

Тасвиби қонун бо чунин шитобзадагӣ, ба гуфтаи як манбаъи Би-би-сӣ дар Кремл, ба хотири ҳанӯз то “Марши миллионҳо”-и рӯзи 12 июни мухолифин иҷроӣ кардани ин ҳама муҷозоти шадид аст.

Мухолифон дар Думаи давлатӣ бо пешниҳоди 357 иловаву таҳрир то охир талош карданд, ки аз тасвиби ин қонун ҷилавгирӣ кунанд, вале аксарияти вакилон, ки аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид намояндагӣ мекунанд, аз он пуштибонӣ карданд. Дар Шӯрои Федератсия ҳамагӣ як нафар ба ин тарҳи зиддунақиз раъйи мухолиф дода, ба гуфтаи узви ин маҷлис Людмила Нарусова, раъйгирӣ бошитоб ва вақте доир шуд, ки вакилони маҷлиси болоӣ ҳатто матни қонунро дар даст надоштанд. Қонун акнун барои имзои ниҳоӣ ба президент Путин ирсол шудааст.

Вакили Дума Геннадий Гудков гуфт, ин ҳама ҳокист, ки раисиҷумҳур ва давлати ҷадид роҳи таъқиботро пеш гирифтаанд, ки ба назари ӯ, тирборони майдонҳоро дар пеш дошта, Русияро ба сӯи суқут ва ҳавзи хун тела медиҳад. Аммо Андрей Воробёв, раҳбари фирқаи ҳокими Русияи воҳид дар Дума мегӯяд, қонуни нав ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои аврупоист: “Мо ба озодӣ хеле арҷ мегузорем. Вале дар демократия ба сар бурда, мо бояд бифаҳмем, ки ин нафақат ҳуқуқу имкониятҳо, балки масъулияти ҷавоб додан барои рафтори худро низ дар назар дорад. Аз ин рӯ, ин қонуни имрӯз тасвибшуда ба тамоми меъёрҳои Аврупо ҷавоб дода, идомаи мантиқии табиати демократии дигаргуниҳои мост.”

Сиёсатмадори тоҷик Шокирҷони Ҳаким, ки феълан дар Маскав ба сар мебарад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Русия бо ташдиди муҷозот мехоҳад мухолифони бедоршудаашро саркӯб кунад. Вале ба ақидаи ӯ, мояи дигари нигаронӣ эҳтимоли хеле қавии пайравии низомҳои худкомаи Осиёи Марказӣ ба ин ибтикори давлати Владимир Путин аст: “Ингуна таҷруба, албатта, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аксуламал пайдо мекунад. Чунки мо аз таҷрубаҳои пешқадами Русия камтар истифода мебарем, вале ҳар амале, ки боиси маҳдуд кардани фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъқиби ақидаву институтҳои демократӣ мешавад, оҷилан мавриди амал қарор медиҳем.”

Тартиби баргузории раҳпаймоиҳоро дар Тоҷикистон қонуни вижаи гирдиҳамоиҳо танзим мекунад, ки дарёфти иҷозаи пешакии мақомоти маҳаллиро ҳатмӣ гардонда, бар асоси тағйироти дуруст як сол пеш илҳоқшуда, бар иловаи ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 15 рӯз, ҷарима барои ширкат дар эътирозҳои ғайриқонуниро дар ҳаҷми аз 15 то 20 маоши ҳадди ақал, яъне аз 1200 то 1600 сомонӣ, муқаррар кардааст.

Шаҳрдории Душанбе ҳам ҳанӯз дар соли 1994 қарори вижаеро содир карда буд, ки тадвири эътирозҳо дар пойтахтро манъ мекард. Аммо дар Тоҷикистон эътирозҳо бештар маҳдуди масоили иҷтимоие, чун баҳси замин ё манзиланд ва маъмулан бо боздошти кӯтоҳу ҷарима ё сӯҳбатҳои “фаҳмондадиҳӣ” бо чунин норозиён тамом мешавад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи мухолифон, дар дастикам 19 соли охир, ягон ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон натавонистааст барои тазоҳурот иҷозаи расмии мақомотро ба даст биорад. 7 сол пеш Раҷаби Мирзо ва ду узви дигари ҳизби демократ барои ширкат дар як пикети эътирозӣ дар рӯбарӯи Вазорати адлияи Тоҷикистон ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG