Пайвандҳои дастрасӣ

Мошинҳои борбари туркӣ ағбаи Шаҳристонро бастанд


21 мошини ҳомили молу колои Туркия дар гардишҳои ағбаи Шаҳристон банд мондаанд ва роҳро барои ҳаракати дигар василаҳои борбар масдуд кардаанд.

Абдусаттор Солеҳов сармуҳандиси Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ рӯзи 6 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми чораҳо ҷуста истодаанд, то ин ки 21 моишини борбари Туркияро аз тангноҳо ва гардишҳои кӯтоҳи ағбаи Шаҳристон берун бикашанд.

Таи як ҳафтаи ахир мошинҳои борбари Тукия аз тарафи Хуҷанд ба самти пойтахти Тоҷикстон ҳаракат мекарданд, аммо азбаски дарозии фурҳо то 18 метр мебошад, аз роҳҳои борик ва гардишҳои кӯтоҳ натавонистаанд убур кунанд аз ин рӯ дар миёнаи роҳ дармондаанд.

Абдусаттор Солеҳов мегӯяд, ки чунин вазъият ҳаракати мошинҳои борбар ва сангинро масдуд кардааст ва феълан дар ду тарафи ин нуқтае ки фураҳои туркӣ дар мондаанд даҳҳо мошини борбар мунтазири боз шудани роҳ қарор доранд. Ба қавли ӯ, танҳо мошинҳо сабукрав метавонанд убур кунанд.
XS
SM
MD
LG