Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия дипломатҳои ғарбиро берун мекунад


Сурия 17 дипломати ағлаб аз Амрикову Аврупоро “персона нон грата” (“шахси ғайри қобили қабул”) эълон кард. Ин эълони вазорати хориҷаи Сурия ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз ихроҷи дипломатҳои Сурия аз чанд кишвари ғарбӣ дар посух ба қатли 108 сокини рустои Ҳуло дар поёни моҳи май аст.
“Рӯйхати сиёҳ”-и Димишқ аз ҷумла сафирони Амрикову Бритониё ва Фаронсаву Туркия ва ҳамчунин ходимони сафоратҳои Канадаву Итолиё, Олмону Испания ва Булғористону Белгияро дар бар мегирад. Аммо аксари сафирони ғарбиро давлатҳояшон алакай ба нишони эътироз ба саркӯбии эътирозҳои зидди режими Башор Асад фаро хондаанд. Вазорати хориҷаи Сурия аммо бо “изҳори боварӣ ба аҳамияти муколама” гуфт, барои азсаргирии муносибот бо Ғарб боз аст.
XS
SM
MD
LG