Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

...Се ҳафта пеш аз ҳукумати ноҳия фармуданд, ки барои озмуни байнулмилалӣ як гурӯҳи ҳаваскорҳоро тайёр кунем. “Аз вазорат телефон карданд, ду ҳафта вақт доред, майна об кунеду ягон барномаи оригиналнӣ созед, -таъкид кард раиси калонӣ, -боз дар пеши худиҳову хориҷиҳо шарманда нашавем...”

Ман як ҳафта боз иҷрокунандаи вазифаи муовини мудири фарҳанг будам – раису муовин ҳамроҳ дар “Зумрад” кайфу сафо доштанд... Аҷаб, дар ин ноҳияи хурдакак ман аз куҷо ҳаваскори оригинал ёбам. Боз дар ду ҳафта-а... Аммо гапи раиса гардону рӯзата бин...

Бо сари аз фикру андеша хамзада хона омадам, ки аз ҳавлии ҳамсоя садои мусиқии тӯёна баланд шуд.

-Ҳамсоя тӯй дорад-чӣ?- пурсидам аз очаи бачаҳо.

-Шумо кор гуфта аз ҳама гапи олам бехабар, -таъна зад ӯ, -Шодихони писари Муродхон аз Расия баргаштааст, ҳатто пул овардаст, тӯй медиҳанд... Шуморо ҳам хабар карданд, хезед, равед...

Дар ҳавлии ҳамсоя кампирҳо доира зада ҳофизӣ мекарданд. Ин лаҳза фикре чун барқ аз фарқи сарам зада аз пушти сарам берун шуд. Бале, як гурӯҳи кампирҳои ҳаваскор ташкил бояд кард! Кампирҳо суруд хонанду рақс кунанд... Эҳ, агар як суруди англисӣ меёфтем-ку, кор панҷ мешуд...

Кампири Холисаро, ки аз ҳама гапу хабари маҳалла огаҳ буд, ба гӯшае даъват карда фикрамро гуфтам. Ӯ ваъда дод, ки бо дугонаҳояш маслиҳат мекунад.

Рӯзи дигар панҷ-шаш кампир дар як синфхонаи мактаби маҳалла ҷамъ шуданд.

-Мо як даста ташкил мекунем ва номашро мегузорем “Кампирҳои Бедзор”, не, не... “Бибиҳои Бедзор”...-бо тантана эълон кардам ман, -як-ду суруди миллӣ ва ягон суруди англисӣ тайёр кунем, дар озмун, албатта, пирӯз мешавем... Озмун аввал дар Душанбе мегузарад, баъда дар хориҷа...

-Дар Расия бошад, майлаш, ба ин баҳона навасаҳома хабар мегирам, гуфт кампири Давлатмоҳ.-Хайрият, домоди хурдӣ ҳам ба Расия рафту духтарам хонаро бонӣ мекунад...

Аммо кампири Нусратмоҳ дудила буд:
-Ман чаҳор наберама ба кӣ партофта меравам?.. Ҳарду бачам бо занҳошон дар мардикорӣ...

-Набераҳотон ба ӯҳдаи ман, -даррав ваъда кардам ба ӯ, - то омаданатона дар хонаи мо мемонанд...

-Келини ман дар касалхона,-гуфт кампири Одинагул,-духтурҳо мегӯянд, ки бояд боз як моҳ дигар табобат гирда.. Ӯро кӣ нигаҳубин мекунад, кӣ барояш ҳар рӯз доруву гардоб мебарад? Шавҳараш се сол шуд, ки дар Расия...

-Ман духтурҳо қатӣ маслиҳат мекунам, худам ҳар рӯз ду борӣ хабараш мегирам, доруҳоша ҳам мехарам...-ӯро ҳам дилпур кардам.

-Ман ягон ҷо рафта наметавонам, -аз ҷояш хест бибии Бунафша, ки, дар ҷавонӣ дар рақсу бозӣ ҳамто надоштааст, - ду гектар ғалла дорам, бояд бо набераи мактабхонам онро дарав кунам...

-Парво накунед, дарави ғалла дар гардани худам...

-Гову моли маро кӣ нигаҳ мекунад, -овоз баровард кампири Холиса, -бачаҳои ман ҳам дар мардикорӣ...

-Ман садқаи гову молатон мешавам,-ботантана ваъда кардам ба ӯ ҳам...

Ду ҳафта мисли як чашм паридан гузашт... кампирҳои мо кони ҳунар будаанд-е... Ҳатто суруди англисиро азхуд карданд!

Мудиру муовини идораи фарҳанг аз “Зумрад” баргаштанд ва арақи баданашон хушк нашуда бо “Бибиҳои Бедзор” ба Душанбе рафтанд.

Акнун ман ҳар саҳар аз доду фарёди набераҳои кампири Нусратмоҳ бедор шуда, ҳамон лаҳза ба аёдати келини кампири Одинагул мерафтам ва доруҳои ӯро аз дорухона харида ба духтурҳо дода аз ошхонаи шаҳрак барояш таом мебурдам ва аз он ҷо гову моли кампири Холисаро ба пода ҳай карда, бо набераҳои бибии Бунафша ба дарав мерафтам. Баъди дарав боз аз келини бемор хабар мегирифтам ва гову моли кампири Холисаро дар оғил ҷой дода, онҳоро ҷӯшида, ширашонро ба ҳамсоя медодам ва хона омада зери доду фарёди набераҳои кампири Нусратмоҳ мисли мурда хоб мерафтам, то ки фардо субҳ боз аз ҳамин садоҳо бедор шуда, ба бемористон равам...

Баъди се рӯз рафиқ занак аз рашк ба келини кампири Одинагул ба хонаи падараш рафт...

Баъд аз ду рӯзи дигар бошад, шомгоҳӣ ба ҳуш омада худро дар палатаи бемористон дидам. Телевизори аз дақёнус монда аз озмун хабар медод. Ба худ гуфтам, ки кош, кампирҳои мо мағлуб шаванду ба ноҳия баргарданд... Аммо телевизори беинсоф гуфт, ки “Бибиҳои Бедзор” ҷойи аввалро гирифтанд ва фардо ба озмуни Осиёвидение ба Пекин мераванд... Акнун ҳайронам, ки агар дар бемористон монам, дар ин камаш як ҳафтаи дигар ҳоли набераҳои кампиру Нусратмоҳу келини кампири Одинагул ва ғаллаи бибии Бунафшаву гову моли кампири Холиса чӣ мешуда бошад... Илоҷ нест, бояд ҳамин шаб аз бемористон гурезам... Як чиз таскинам медиҳад – хайрият, ки “Осиёвидение” дар Чин мегузарад, агар дар Русия ё Қазоқистон мегузашт, ба фикрам, ин бибиҳои мо кор-пор меёфтанду хаёли дубора ба Бедзор баргаштанро аз сарашон дур меандохтанд...
XS
SM
MD
LG