Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз Узбакистону Чин ва Қазоқистон боздид мекунад


Дар остонаи силсилаи боздидҳояш аз Осиё рӯзи душанбе Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия аз Узбакистон боздид мекунад. Тақрибан як моҳ пеш даври севвуми раёсати Путин оғоз ёфт. Мақомот мегӯянд, интизор меравад, ки дар музокирот бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон Путин масъалаи узвияти Узбакистон дар Созмони озоди тиҷоратии Русияву Қазоқистонро низ баррасӣ кунад.

Сипас Путин аз Тошканд ба Чин меравад ва дар он ҷо ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла мувофиқатномаҳо дар бахши энержиро баррасӣ мекунад. Ин мувофиқатномаҳо дар садри мавзӯъҳои музокирот қарор доданд. Дар остонаи ин боздид Газпром дар бораи сохтмони лулаи чандмиллиарддоларӣ бо Чин гуфтугӯ кард.

Интизор меравад, ки дар Пекин Владимир Путин бо Маҳмул Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон низ мулоқот анҷом диҳад. Сипас вай 7 май др идомаи боздидаш вориди Қазоқистон мешавад.
XS
SM
MD
LG