Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сафари Владимир Путин ба Ӯзбакистон


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, имрӯз сафари чаҳоррӯзааш ба кишварҳои осиёиро аз Ӯзбакистон шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Владимир Путин ва ҳамтои ӯзбакаш Ислом Каримов ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи ба минтақаи тиҷорати озод пайвастани Ӯзбакистонро имзо хоҳанд кард. Баъди боздид аз Тошканд, раисиҷумҳури Русия бо ҳадафи ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Пекин хоҳад рафт. Сафари Владимир Путин рӯзи 7 июн дар Остона пойтахти Қазоқистон поён меёбад.
XS
SM
MD
LG