Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои араб ба ҳалли низомии қазияи Сурия розиянд?


Ҷомеъаи кишварҳои араб хостори талошҳои сареъи Шӯрои амниятии СММ ба хотири қатъи хушунат дар Сурия шуд.

Раиси ин ниҳод Нобил ал-Арабӣ дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои арабӣ дар Қатар аз ибрози назари мустақим оид ба дахолати низомии хориҷӣ ба қазияи Сурия худдорӣ кард ва аммо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Қатар талаб намуданд, ки мӯҳлати татбиқи иҷрои тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон муқаррар шавад. Дар сурати дар ин муддат поён наёфтани хушунат Шӯрои амнияти СММ метавонад дар мавриди дахолати низомӣ ба умури Сурия тасмим бигирад.

Кофӣ Аннон дар нишасти Қатар изҳор намуд, ки Сурия дар вартаи ҷанги густурдаи шаҳрвандӣ қарор дорад.

Вазъ дар Сурия баъд аз куштори 108 сокини осоиштаи шаҳри Ҳула дар ҳафтаи гузашта бештар ноором шуд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ин фоҷиа ҳукумати Башор Асадро айбдор мекунад, Димишқ бошад ангушти иттиҳом сӯи мухолифини мусаллаҳ кардааст.
XS
SM
MD
LG