Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта: ИМА киштиҳояшро ба уқёнуси Ором мефиристад


Леон Панетта
Леон Панетта
Леон Панетта, вазири дифои ИМА, изҳор намуд, ки бештари киштиҳои нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии кишвар то соли 2020 ба уқёнуси Ором фиристода мешаванд. Зимни суханронӣ дар конфаронси амниятӣ дар Сингапур ӯ таъкид намуд, ки ин тасмим дар чаҳорчӯби тамаркузи стратегии кишвар дар қораи Осиё гирифта шудааст.

Леон Панетта афзуд, "ман медонам, ки бисёриҳо дар минтақа бодиққат ба раванди муносибатҳои миёни ИМА ва Чин менигаранд. Баъзан ба назар мерасад, ки бо тақвияти ҳузури низомӣ дар минтақаи уқёнуси Ором мо ба Чин таҳдид мекунем. Аммо талоши мо барои ширкати бештар дар масоили Осиё ба хотири ҷилавгирӣ аз рушду равнақи Чин нест".

Ба гуфтаи раҳбари Пентагон, айни ҳол тақрибан нисфи киштифои низомии амрикоӣ дар уқёнуси Атлантик ва нисфи дигар дар уқёнуси Ором шино мекунанд. Аммо баъд аз чанд сол 60 дар сади киштиҳо дар уқёнуси Ором лангар хоҳанд партофт.
XS
SM
MD
LG