Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландия паймони суботи молии EU-ро пазируфт


Дар раъйгирии Ирландия дар мавриди паймони суботи молии 17 узви ҳавзаи евро дар Иттиҳодияи Аврупо, аксарияти мардум ба тарафдории ин паймон раъй додаанд. Бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ, андаке бештар аз 60 дар сади мардуми Ирландия ҷонибдори қабули паймон будаанд, ки аз кишварҳои ҳавзаи евро мехоҳад, хароҷоти буҷаҳои давлатиро камтар карда, ба низом дароранд ва дар акси ҳол ҷарима хоҳанд шуд. Барои қабули паймон аз миёни 17 кишвари ҳавзаи евро бояд ҳадди аққал 12-тои он раъйи мувофиқ диҳад. То кунун чаҳор кишвар паймонро пазируфтаанд ва қарор аст, он соли 2013 ҳукми иҷро бигирад.
XS
SM
MD
LG