Пайвандҳои дастрасӣ

Путин дар талоши "эҳё"-и СССР. Оё комёб хоҳад шуд?


Путин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Путин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

Владимир Путин дар ин даври раёсати худ орзуи ҳамгироии бештар бо кишварҳои шӯравии собиқро дар сар мепарварад.

Сергей Маркедонов, таҳлилгар дар Маркази таҳқиқоти стротегӣ ва пажӯҳишҳои байналмилалӣ дар Амрико, бо зикри ин матлаб, дар таҳлиле дар маҷаллаи «Манофеъӣ Миллӣ» чопи ҳамин кишвар навиштааст, агар Путин имкониятҳоеро барои иҷрои барномаҳои ҳамгироӣ дошта бошад ҳам, аммо наметавон гуфт, ки ин барномаҳо ҳатман амалӣ хоҳанд шуд.

Дар сӯҳбате, ки бо Сергей Маркедонов доштам, нахуст аз ӯ пурсидам, ки кадоме аз барномаҳои ҳамгироии кишварҳои шӯравии собиқ барои Путин аҳамияти бештар доранд?

Сергей Маркедонов: Дар оянда аҳамияти Созмони Паймони Амнияти дастаҷамъӣ бештар хоҳад шуд, бахусус баъди тарки Афғонистон кардани нерӯҳои байналмилалӣ, масоили зиёде дар бораи амнияти Осиёи Марказӣ ба вуҷуд хоҳад омад. Тарҳи дуввум Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Авруосиё аст, ки на аз дилтангӣ ва иштиёқи Русия ба бозгашт ба Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба миён омадааст, балки ҳадафи он наҷот ёфтан дар шароити бӯҳронҳои иқтисодист. Аммо ҳоло наметавон гуфт, ин барномаҳо то куҷо муввафақ хоҳанд шуд, зеро ин тарҳҳо ба майли ҳамгироии кишварҳои минтақа вобаста хоҳад буд. Ба назари ман, ин тарҳҳо ба ҷое нахоҳанд расид, агар танҳо Русия барои он пул пардозад, Русия дар бораи он фикр кунад ва Русия ғами онро бихӯрад. Ҳамгироӣ он замон ҳамгироӣ мешавад, ки бозигарони гуногун барои он фикр мекунанд, пул медиҳанд ва ғами онро мехӯранд.

Сергей Маркедонов

Сергей Маркедонов

Радиои Озодӣ: Аммо онгуна ки ҳоло мебинем, ҳеҷ гуна иштиёқе ба ҳамгироӣ дар минтақа ба чашм намехӯрад, масалан Тоҷикистону Узбакистонро бигирем, ки муносибати онҳо назар ба ҳар вақти дигар бадтар шудааст?

Cергей Маркедонов: Бале мушкилот дар Осиёи Марказӣ бисёр аст, на фақат миёни Тоҷикистону Узбакистон. Мушкилот дар миёни Узбакистону Қазоқистон вуҷуд дорад, ки барои пешвоӣ дар минтақа мубориза мебаранд. Миёни Қирғизистону Узбакистон мушкилот вуҷуд дорад, бахусус дар робита ба низоъҳои қавмии соли 2010. Дар инҷо мушкилоти зиёде ҳаст ва ба назари ман дар ҳамин ҷо нақши Русия ба ҳайси миёнҷӣ зарур мешавад ва ба ифоқа овардан ва наздик кардани мавқеи кишварҳо ба маҳорати Русия вобаста буд. Ба назари ман, авзоъ дар Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказиро маҷбур хоҳад кард, ки ба ҳам наздик шаванд, агар ин корро накунанд, зери бори гарони мушкилоти Афғонистон мешикананд ва масале ҳаст, ки мегӯянд, вақти зарурат даст бигирад сари шамшери тез.

Радиои Озодӣ: Яъне чӣ таҳдидҳое аз Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистонро маҷбур мекунад, ки баъди ин ҳама бемеҳриву сардӣ ба ҳам биёянд?

Сергей Маркедонов: Бадтарин сенария дар онҷо ба назари ман, фурӯпошии давлат аст. Тарсноктарин чиз ҳамин аст ва баъд дигар оқибатҳои он, яъне содироти ифротгароӣ, терроризм аз Афғонистон ва баъзе низоъҳои марзӣ. Фурӯпошии давлат дар Афғонистон дар аввали солҳои 90-ум рух дод ва алъон воқеиятро мебинем. Дар Тоҷикистон низ 5 сол ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки ба осиёби он аз ҷумла аз Афғонистон об мерехтанд. Ба назари ман, на Иттиҳоди Шӯравӣ ва на Амрико сар аз соли 1979 то кунун нафаҳмиданд, ки дар Афғонистон чӣ кор бояд кард, чун яке коммунизм сохт, дигарӣ демократия, агарчӣ дар онҷо кофӣ буд, рукнҳои давлатдорӣ сохта мешуд. Мутаасифона ин корро накарданд ва ман нигаронам, ки то ду соли дигар яъне замони ихроҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ба онҳо муяссар мешавад ин корро кунанд. Вале агар онҷо на давлат, балки минтақаҳои бо ҳам рақиб бошад, пас ин хатарнок хоҳад буд.

Радиои Озодӣ: Аммо бо вуҷуди дарки ин хатар, ки Русия аз он зиёд мегӯяд ва бо вуҷуди доштани бузургтарин пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро минтақаи нуфузи худ хондани Русия, бисёриҳо ба ин назаранд, ки дар сиёсатҳои Кремл Осиёи Марказӣ авлавият надорад?

Сергей Маркедонов: Агар доир ба қаламрави пасошӯравӣ ва ё Авруосиё сӯҳбат кунем, воқеан Қафқоз барои Русия афзалият дорад, зеро дар қаламрави худи Русия кишварҳои қафқозӣ ҳастанд ва дар Қафқози ҷанубӣ мушкилоти зиёд мавҷуд аст. Аммо аҳамияти Осиёи Марказӣ дар оянда бе ҳаҷ шакку шубҳа барои Русия бештар хоҳад шуд. Дар воқеъ ҳоло Осиёи Марказӣ барои он аҳамияти зиёде надорад, зеро танҳо Қазоқистон бо Русия марзи мустақим дорад, ки албатта баробар бо марзи Амрикову Канада ва ё Амрикову Мексика аст. Вале ҳоло масъалаи Осиёи Марказӣ дар муқоиса ба Қафқоз камаҳамияттар аст, вале то соли 2014 аҳамияти минтақа бештар хоҳад шуд, зеро тарки нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон суолҳои зиёдеро дар худ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG