Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои НАТО бо сербҳои Косово даргир шудаанд


Бино ба гузоришҳо, дар як бархӯрде миёни сербҳои Косово ва сарбозони НАТО дар шимоли Косово, дасти кам се серби маҳаллӣ ва як сарбози НАТО маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, даргирӣ замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки нерӯҳои НАТО мехостанд, монеаҳои сементии болои як пулро бардошта ва онҷо посгоҳ бигзоранд. Аммо гурӯҳе аз сербҳо ба сӯи сарбозон санг андохтаанд. Ба гуфтаи шоҳидон нерӯҳои НАТО маҷбур шудаанд аз гази ашковар ва силоҳҳои сабук истифода кунанд ва баъзе тазоҳургарон низ аз туфанг тир андохтаанд. Сербҳои шимоли Косово бо вуҷуди гузашти се сол аз эъломи истиқлол, раҳбари аксаран албанитабори Косоворо ба расмият намешиносанд ва барои монеъ шудан ҳукумати онҳо дар шимол роҳҳои ба ин самтро бастаанд.
XS
SM
MD
LG