Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ҷасади марзбонони қазоқ дар сарҳад бо Чин


Дар ноҳияи Алокӯли вилояти Алматои Қазоқистон, дар посгоҳи марзии “Сари Боктер”, баъд аз сӯхтор ҷасади марзбононро пайдо кардаанд.

Сарчашмаҳои мухталиф шумораи кушташудагонро аз 8 то 15 нафар тахмин задаанд. Дар миёни онҳо ҷасади як ҷангалбони минтақа низ будааст.

Дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Мероурд Артебаева, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Алмато, аз ӯ нахуст дар бораи ҷузъиёти бештари ин ҳодиса суол кардем.

Артебаева: "Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон шумораи дақиқи кушташудагонро муайян мекунад. Госман Амрин - муовинии раиси Кумитаи амнияти миллӣ дар нишасти хабарии Остона ба рӯзноманигорон гуфт, ҳоло дар бораи шумораи дақиқи афроди қурбоншуда чизе гуфта наметавонанд ва расидагӣ ба ҳодиса идома дорад. Ба гуфтаи вай, гурӯҳи таҳқиқотӣ ба маҳалли ҳодиса парвоз кардааст ва дар маҳал расидагиро идома медиҳад. Натиҷаҳои таҳқиқ ҳанӯз ба даст наомадааст, барои ҳамин вай дар бораи ин ҳодиса маълумоти дақиқ дода наметавонад. Ба гуфтаи Амрин ба гурӯҳи бозрасон намояндагони ҳамаи ниҳодҳои таҳқиқотӣ дохил мешаванд."

Озодӣ: Ба ҳар ҳол, сарчашмаҳои расмӣ дар бораи ин ҳодиса чӣ ақида доранд? Онро натиҷаи сӯхтор медонанд ё ягон ҳодисаи дигаре рух додааст?

Артебаева: "Дар хабарҳо таъбири ҳамла низ ё имкони ҳамла ба посгоҳ низ оварда шудааст. Албатта, ҳоло ин таъбир тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин бино ба хабарҳои таъйиднашуда аслиҳаи марзбонон низ "гум" шудааст. Ин посгоҳ маъмулан дар мавсими тобистон гузошта мешавад ва ҳадафи он пешгирӣ кардан аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш аст, ки шаҳрвандони Чин бо ин кор машғул мешуданд. Ин посгоҳ муҳаррик аст. Дар як ҷо хидмати худро адо намекунад. Ба ҳар ҷои марз меравад. Дар гузаштаҳо шаҳрвандони Чин барои ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳо чанд дафъа дар ҳамин минтақа боздошт шудаанд. Ҷасади ҷангалбонро дар хонаи хобаш пайдо кардаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ вайро ду рӯз пеш куштаанд. Лариса Дмитрюк - сухангӯи хадамоти марзии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки бо ин посгоҳи марзӣ иртиботи телефонӣ, яъне телефонҳои ҳамроҳ қатъ шудааст ва онҳо тавассути телефони моҳвораӣ бо ин посгоҳ гаҳ-гоҳе тамос мегиранд. Дар бораи ин ки дар марз кӣ ба куҷо рафтааст, касе тавзеҳ надодааст."

Озодӣ: Ба ин ҳодиса дар ҷомеаи Қазоқистон чӣ гуна вокуниш нишон доданд?

Артебаева: "Вокуниш хеле зиёд аст, ба вижа дар хабаргузориҳо зуд хабарҳои мухталиф ба чоп расид. Аз субҳ дар ҳама ҷо дар ин бора сӯҳбат мекарданд ва дар ин бора хабаргузориҳо менавиштанд. Дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет низ баррасиҳои мухталиф ба чашм мерасад ва мардум ба ин ҳодиса ба андозаи кофӣ бархӯрди ҷиддӣ нишон додаанд."

Озодӣ: Дар гузаштаҳо дар ҳамин қисмати марз ё қисматҳои дигари марз бо Чин ҳодисаҳои ба ҳамин монанд мушоҳида шуда буд?

Артебаева: "То ҳол ин гуна хабарҳои ташвишовар пахш нашуда буд."
XS
SM
MD
LG