Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин боздиди хориҷии Путин оғоз шуд


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия баъд аз бозгашт ба Кохи Кремл нахустин боздиди хориҷиашро бо Беларус, Олмон ва Фаронса оғоз мекунад. Боздид аз ин се кишвар нишонаҳои самбулик дорад. Беларус кишвари худкомаест, ки то ҳол зери нуфузи ҳамаҷонибаи Русия қарор дорад ва маҳофили байналмиллалӣ онро таҳрим кардаанд. Олмону Фаронса кишварҳои аслии ҳамкори Русия дар Иттиҳодияи Аврупо ба шумор мераванд.

Тибқи барнома имрӯз Путин дар Минск бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус дидор ва гуфтугӯ кунад. Рӯзи ҷумъа вай дар Берлин бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ба музокира менишинад. Сипас дар идомаи боздидаш вориди Фаронса мешавад ва бо Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури тозаинтихоби ин кишвар мулоқот анҷом медиҳад.

Путин дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ 7 май савганди вафодорӣ ёд кард ва дар мулоқоти раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон Ҷӣ 8 дар Амрико ширкат наҷуст.
XS
SM
MD
LG