Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тошканд тӯйҳои пурдабдабаро манъ карданд


Мақомоти пойтахти Узбакистон ба мубориза алайҳи хароҷоти зиёди тӯю худоиҳои мардум иқдом кардаанд. Бо қарори ҳокими Тошканд, тӯйҳо бояд то соати 23-00 поён биёбанд, то ғавғои тӯйхона “хоби сокинонро халалдор накунад.”
Ҳамчунин ба кумитаи занон ҷиҳати таҳияи либосҳои миллии арӯсӣ амр шуда, назорати тартиби баргузории тӯю мотами мардумро ба Шӯроҳои ҷамъиятӣ вогузор кардаанд.
Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2007 бо тасвиби қонуни вижаи танзими расму оин муддати тӯйро бо 3 соат ва шумори меҳмонони тӯю худоиҳоро бо 140 нафар маҳдуд карда буд.
XS
SM
MD
LG