Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ ба истирдоди сарвари Wikileaks ҳукм кард


Ҷулиан Ассанҷ. Акс аз моҳи феврали соли 2012.

Ҷулиан Ассанҷ. Акс аз моҳи феврали соли 2012.

Додгоҳи асосии Бритониё ҳукм кард, ки раҳбари Wikileaks, Ҷулиан Ассанҷ бояд ба Шведсия истирдод шавад.

Додгоҳи Олии Бритониё қарор кард, ки бунёдгузори торнамои ифшогари Wikileaks, Ҷулиан Ассанҷ метавонад ба Шведсия, кишваре, ки дар он ҷо ӯро ба ҳамлаҳои ҷинсӣ айбдор мекунанд, истирдод шавад. То ҳол ду додгоҳи зинаҳои поёнии Бритониё айни чунин ҳукмро содир карда, бино бар шикояти Асанҷ ва вакилони ӯ парванда ба зинаҳои болотар рафт ва инак, ба зинаи олӣ, яъне Додгоҳи Олии Бритониё расид. Бисёриҳо шояд гумон карданд, бо эълони ин ҳукм дафъатан Ассанҷ ба дасти мақомоти интизомии Шведсия дода хоҳад шуд, аммо вакили раҳбари Wikileaks, дар ҳалнома ё дақиқтараш ҷараёни таҳияи он шикофе пайдо кард, ки акнун мехоҳад шахси зери ҳимояи худро аз он гузаронад.

Вакил Дина Роз дафъатан баъд аз он ки додрас ҳукмро қироат кард, аз ҷой бархост ва гуфт, ҳукм бар далеле такия мезанад, ки дар ҷараёни баррасӣ мавриди суолу баҳс қарор нагирифтааст. Вай хоҳиш кард, барои омӯзиши ҳукм ва талоши бознигарии парванда фурсат дода шавад. Додрас барои ин ба вакили Ассанҷ ду ҳафта мӯҳлат дод. Биноан, истирдоди Ассанҷ наметавонад, пеш аз нимаи моҳи июн сурат гирад. Роз гуфт: "Биноан мо ҳоло вазъи худро баррасӣ мекунем ва мехоҳем, бубинем, ки зарурат хоҳад буд, ки бо таассуфи зиёд аризае барои аз нав боз шудани мурофиаро диҳем, то тавониста бошем, ин далели баҳснашударо баҳс кунем. Ман инро танҳо барои тазаккур мегӯям ва рӯшан аст, ки мо барои омӯзиши ҳукм ва машварат бо муштарии худ ба вақт ниёз дорем. Ман фаврияти вазъро дарк мекунам ва барои ҳамин фикр мекунам, бояд, ин ҷанбаъро ҳарчӣ зудтар расонаӣ кунам.”

Ассанҷ аз замони ҳабсаш дар Бритониё дар моҳи деабри соли 2010 бо иттиҳоми ҳамлаҳои ҷинсӣ ба ду зан дар Шведсия талош дорад, то ӯро ба Шведсия интиқол надиҳанд. Вай иттиҳомотро рад мекунад, аммо ба Шведсия рафтан ҳам намехоҳад ва мегӯяд, ки дар ҳоли сафараш ба Шведсия ба маҳбаси Иёлоти Муттаҳида интиқол дода хоҳад шуд.

Ассанҷ дар соли 2010, замоне маъруф шуд, ки торнамои Wikileaks-и ӯ даҳҳо ҳазор паёми махфии дипломатии Иёлоти Муттаҳидаро дар робита ба Ироқ ва Афғонистон нашр намуд. Вашингтон ифшои ин аснодро шадидан маҳкум кард ва гуфт, нашри барқияҳои махфӣ ҷони онҳоеро, ки бо дипломатҳо ва намояндагони хадамоти махфии Амрико сӯҳбат кардаанд, зери хатар мегузорад. Манбаи гумонбаршудаи берунрафти асноди марбут ба Ироқ ва Афғонистон таҳлилгари иктишофии артиши Иёлоти Муттаҳида Бредлӣ Манинг ҳоло дар маҳбаси Амрикост ва ба 22 ҷурм муттаҳам шуда, дар сурати исботи онҳо метавонад ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Сармоягузорӣ ба торнамои Wikileaks замоне коҳиш ёфт, ки ширкатҳои умдаи кортҳои эътибории Иёлоти Муттаҳида "Виза" ва "Мастеркард" интиқоли пул ба нишонии Wikileaks-ро манъ намуданд.

Аммо Ассанҷ ҳамоно тарафдорони худро дорад. Чизе шавад ё нашавад, намоиши телевизиони "Ҷаҳони фардо" дар телевизиони давлатии Russia Today моҳҳо идома хоҳад кард, зеро 12 бахши он пешакӣ забт шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG