Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тендер барои истихроҷи нафту гази Ироқ


Давлати Ироқ марҳилаи чаҳоруми озмунҳо барои истихроҷи нафту газ дар ин кишварро оғоз кардааст ва даҳҳо ширкат умедворанд, ҳаққи истихроҷ ва фурӯши майдонҳои газу нафти Ироқро ба даст меоранд. Дар се марҳилаи пешин, ҳукумати Ироқ, ба ширкатҳои хориҷӣ ҳаққи афзоиши тавлидоти нафту газ аз чоҳҳои мавҷуд аз аҳди Саддом Ҳусайнро дода буд, аммо дар ин марҳила 12 майдони дастнохӯрда ба ширкатҳои довталаб дода мешавад. Аксари ин майдонҳо дар манотиқи ғарбиву марказии Ироқ воқеъ шудаанд ва ҳафтои он майдони газ ва панҷтои он майдони нафт будааст. Дар маҷмӯъ 47 ширкат, аз ҷумла 39 ширкати хориҷӣ дар талаби насибае аз даромади нафту гази Ироқ будаанд ва бино ба гузоришҳо баъди чанд соати шурӯъи озмун, як консорсиуми байналмилалии мураккаб аз ширкатҳои Кувайт, Туркия ва Арабистони Саудӣ ҳаққи истихроҷи яке аз 12 майдонро ба даст овардааст. Ба ин консорсиум дар сурати кашфу истихроҷи нафт дар масоҳати 900 километр барои ҳар бӯшка 6 доллару 24 сент хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG