Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев иттиҳоми нажодпарастиро радд мекунад


Сол Кемпбелл
Сол Кемпбелл
Украина матбуоти Бритониёро ба маъракасозӣ барои беобрӯ кардани ин кишвар дар пешорӯи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо айбдор кард. Мизбони Euro 2012 дар моҳи июн Украина ва Лаҳистонанд. Футболбози инглис Сол Кемпбелл дар як барномаи ББС мухлисони тими Инглистонро аз сафар ба Euro 2012 ба далели нажодпарастӣ ва хушунат алайҳи афроди ғайрисафедпӯст ҳушдор дод. Ин барномаи мустанад таърихи хушунат аз сӯи мухлисони футбол дар кишварҳои мизбони Euro 2012-ро таҳқиқ мекард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Украина Олеҳ Волошин аммо гуфт, иттиҳоми нажодпарастӣ “масъалаи сохта ва хайёлист” ва ин мушкил дар Аврупо бештар аст, то дар Украина.
XS
SM
MD
LG