Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин сафари хориҷии Су Чжи дар 24 соли ахир


Аун Сан Су Чжи

Аун Сан Су Чжи

Аун Сан Су Чжи, раҳбари мухолифини демократи Мянмар, бори аввал дар 24 соли ахир ба хориҷи кишвар сафар мекунад. Имрӯз ӯ вориди Таиланд мешавад ва дар нишасти ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба Осиёи шарқӣ ширкат мекунад.

Миёнаҳои моҳи июн Су Чжи ба Аврупо меравад ва интизор меравад, ки маърӯзаи нобелии худро қироат мекунад. Ҷоизаи сулҳи Нобел ба хонум Су Чжи соли 1991, замоне эҳто шуда буд, ки мақомоти низомии Мянмар ӯро ба маҳбас андохта буданд.

Шурӯъ аз соли 1989 Су Чжи беш аз 15 солро дар маҳбас сипарӣ кард. Моҳи ноябри соли 2010 ӯ раҳо карданд ва моҳи апрели соли равон узви парлумон интихоб шуд.

Қабл аз сафари хориҷияш хонум Су Чжи бо нахуствазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дидору гуфтугӣ кард. Ин нахустин сафари нахуствазири ҳинд ба Мянмар дар 25 соли ахир аст.
XS
SM
MD
LG