Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи вирус дар компутарҳои Эрону Ховари Миёна


Коршиносон аз кашфи вируси мураккабе хабар доданд, ки ба компутарҳо дар Эрону Ховари Миёна асобат кардааст. Ширкати русии зиддивирусии Касперский гуфт, шавоҳид ҳокист, ки вируси "Flame" зоҳиран аз номи ҳамон кишваре сохта шудааст, ки ду сол пеш бо вируси “ Stuxnet” ба низоми компутарии барномаи ҳастаии Эрон ҳамла карда буд. Эрон Амрико ва Исроилро масъули ҳамлаи “Stuxnet” хонда буд.Ширкати Касперский гуфт, “Flame” шояд 5 сол дорад ва назар ба “Stuxnet” 20 маротиба мураккабтар аст.
XS
SM
MD
LG