Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати дастикам 30 нафар дар Ҳамо


Бино ба хабарҳо, тирборони шаҳри Ҳамо аз сӯи артиши Сурия дастикам 30 кушта ба ҷо гузошт. Ба нақл аз манобеъи мухолифин гуфта мешавад, ки тӯпборони рӯзи якшанбе дар пайи силсилаи ҳамлаҳои чирикиҳо ба посгоҳҳои артиш дар Ҳамо сурат гирифтааст. Ташхиси воқеъияти хабар аз сӯи манобеъи мустақил амри муҳол аст. Ин хабар дар ҳолест, ки Шӯрои Амнияти СММ “бо лаҳни ҳаддалимкон шадидтарин” давлати Сурияро барои куштори 108 нафар дар Ҳуло маҳкум кард ва аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад тақозо кард, то силоҳҳои сақилро аз шаҳрҳо берун бикашад. Димишқ “террористҳо”-ро масъули ин хунрезӣ меномад.
XS
SM
MD
LG