Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба зоирони покистонӣ дар Ироқ


Таркиши бомби канори роҳ дар Ироқ 24 зоири покистониро захмӣ кардааст. Автобуси зоирон дар роҳ ба сӯи шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Козимия дар минтақаи умдатан суннинишини Сақлавия, дар 75-километрии ғарби Бағдод мунфаҷир шудааст. Ин гурӯҳи зоирон аз Сурия вориди Ироқ шуда буд. Ироқ макони мазорҳои муҳими шиъаҳост ва зоирони шиъа пайваста ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои марбут ба Ал-Қоида қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG