Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти мухолифин дар пойтахти Гурҷистон


Бино ба хабарҳо, дирӯз даҳҳо ҳазор гурҷӣ ба тарафдорӣ аз ҷунбиши мухолифи «Орзуи гурҷӣ»-и миллиардер Бидзина Иванишвилӣ дар майдони Озодии Тифлис раҳпаймоӣ карданд. Ҳадаф аз тазоҳурот намоиши нерӯ дар пешорӯи интихоботи парлумонии моҳи октябр гуфта мешавад. Раиси собиқи парлумон Нино Бурҷанадзе низ дар ин тазоҳурот ширкат дошт. Мухолифин раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро ба тамоюл ба сӯи худкомагӣ айбдор мекунанд ва метарсанд, ки соли оянда, дар пайи анҷоми давраи дувуми раёсаташ ӯ ба курсии сарвазирӣ хоҳад нишаст.
XS
SM
MD
LG