Пайвандҳои дастрасӣ

Кишвари Шветсия бо ҳунарнамоии Лорин, хонандаи мусиқии поп, барандаи мусобиқаи Eurovision-2012 шуд.

Лорен, овозхони 28-сола аз Шветсия дар 57-умин озмуни мусиқии Евровижн дар Озарбойҷон бо таронаи рақсии худ “Нишот” дурахшид ва бо касби раъйи аксарияти мухлисон дар ин озмун пирӯз шуд

Лорен аз рақибони наздики худ, гурӯҳи пиразанҳои чолоки Русия ва овозхони маъруфи Сербистон дар раъйгирии телефонӣ дар субҳи рӯзи якшанбе ба осонӣ пеш гузашт ва мақоми аввал соҳиб шуд.

Таронаи “Нишот”-и Лорени марокашиасл бештар аз шаш ҳафта аст, ки дар садри ҷадвали таронаҳои беҳтарин дар Шветсия қарор дорад ва ҳамин тарона акнун ҳаққи мизбонии Евровижн 2013 ба Шветсия дод. Лорен баъди пирӯзиаш дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Боку ба ҳаводоронаш ташаккур гуфт: “Чизи бисёрест, ки мехоҳам, ба ҳамаи шумо ки онҷо ҳастеду ба ман бовар кардед, бигӯям. Воқеан ин танҳо барои ман нест, барои ҳамаи мост. Ман аз ҳамаи шумо сипосгузорам, воқеан ташаккур ба ҳамаи шумо. "

Дар озмун мақоми дуввумиро Бурановские Бабушки - гурӯҳи шашнафарии пиразанҳои рус ба даст оварданд, ки яке аз онҳо 77 сол дорад. Овозхони собиқадори Сербистон дар Евровижн Зелико Йоксимович, бо таронаи зебое дар мақоми саввум ҷо гирифт, ки як зина болотар аз Сабина Бобоева, намояндаи Озарбойҷон аст.

Озмуни Евровижнро бештар аз 100 миллион нафар дар саросари ҷаҳон тамошо мекунанд ва ба ҳунарнамоии овозхонҳо мухлисон бо SMS ва ҳам доварон аз ҳар кишвар баҳо медиҳанд. Ба марҳилаи ниҳоии озмуни Евровижн 2012, ки дар Кохи Булӯрини Боку баргузор шуд, 26 роҳ ёфта ва дар ҳузури 20 ҳазор нафар ҳунарнамоӣ карданд.

Овозхонҳои Молдова, Македония, Украина, Босния ва Ҳерзеговина, Албания аз ҷумлаи дигар ҳунарнамоиҳои беҳтари дониста шуданд. Арманистон, ки солҳои тӯлонист бар сари вилояти ҷудоихоҳи Кӯҳистони Қаробоғ бо Озарбойҷон ҷанҷол дорад, аз ширкат дар ин озмун даст кашид.

Дар остонаи озмун, ки Озарбойҷони саршор аз захираи нафт мехост, бо истифода аз он худро кишвари пешрафтаву шукуфо нишон диҳад, мухолифони давлат бо талаби риояти ҳуқуқи инсон чандин тазоҳуроти зиддидавлатӣ баргузор карданд.
Давлати Озарбойҷон танҳо барои бунёди Қасри Бӯлурин 134 миллион евро харҷ кардааст. Ин кишвар баъди пирӯз шудани овозхонҳояш Ёдгор ва Нигор дар Евровижн 2011 дар Олмон ҳаққи мизбонии ин озмунро соҳиб шуд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG