Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзонтарин пивои дунё дар Тоҷикистон будааст


Бар асоси як таҳқиқот, ки дар сомонаи pintprice.com нашр шуд, арзонтарин пивои дунё дар Тоҷикистон будааст. Як пинти пиво, ки баробари 568 милилитр аст, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 29 пенс арзиш доштааст, ки ин назар ба нархи пиво дар Бритониё 10 маротиба камтар будааст. Баъди Тоҷикистон Панама бо пивои арзонаш шӯҳрат доштааст, вале як пинти пиво дар инҷо назар ба Тоҷикистон 2 пенс қимматтар аст. Ин таҳқиқот баландтарин нархи пиво – 7 фунт стерлингу 35 сент барои ҳар пинти оби ҷав ва 25 маротиба қимматтар аз пивои тоҷикиро дар Гренландия мушоҳида кардааст.
XS
SM
MD
LG