Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 миллион доллар - барои хидмат ба қарзҳо


Бино ба гузориши “Авесто”, имсол аз будҷаи Тоҷикистон танҳо барои хидматрасонӣ ба қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ 9,6 миллион доллар ҷудо хоҳанд кард. Ҷамъи қарзҳои Душанбе аз ин ниҳоди молӣ ба 373,5 миллион доллар расидааст. Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 апрел 2 миллиарду 138 миллион долларро ташкил медод, ки баробари 29,8 дарсади ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Душанбе бештар аз ҳама аз Чин қарздор аст ва имсол барои хидматрасонӣ ба қарзҳояш аз будҷа дар маҷмӯъ 100 миллион доллар ҷудо кардааст.
XS
SM
MD
LG