Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кен Гросс: “Равобити Амрико бо Тоҷикистон устувор аст”


Сафири Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Кен Гросс аз моҳи августи соли 2009 раҳбарии намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. То таъйиноташ ба ин вазифа, дар солҳои 2002-2004 ба ҳайси муовини раҳбари ҳайат кор карда, баъдан дар сафоратхонаҳои Амрико дар Ироқ, Ҳаитӣ, Малайзия, Непал ва Олмон кор кардааст. Аз соли 1987 узви корпуси дипломатии вазорати умури хориҷии Амрикост. Забонҳои тоҷикӣ, олмонӣ ва фаронсавиро медонад.

Озодӣ: Шумо муддати чанд соли ахир зимни кор дар Тоҷикистон худро ба ҳайси дипломати бонуфуз, фаъол ва хеле боз нишон додед. Шумо ҳеҷ гоҳ дар қиболи масоили бӯҳронӣ хомӯш набудед ва ин аст, ки аз Шумо ба унвони ҳомии озодии баён ном мебаранд, ба хусус дар заминаи ҳимоят аз рӯзноманигороне, ки таҳти таъқиб қарор гирифтаанд. Оё мавқеъгирии Шумо ягон вақт дар муносибатҳои миёни Амрико ва Тоҷикистон тобиши манфӣ дар пай доштааст?

Кен Гросс: Ин суоли хеле хуб аст. Мо ба озодии матбуот бовар дорем ва эҳсоси масъулият низ мекунем, вақте дар бораи он фикр мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд аз манофеи давлат ва идеяи матбуоти озод пуштибонӣ кунад. Мо ҳамеша боз будем ва назари худро мегуфтем. Сабаб он аст, ки мо ба он чӣ мегӯем, эътимоди устувор дорем. Назарҳои баёнкардаи мо мушкиле дар муносиботи миёни ИМА ва Тоҷикистон эҷод накардааст. Ман фикр намекунам, барои ҳар давлате шунидани интиқод мояи хушбинӣ бошад. Аммо ман ба устувор будани муносибатҳоямон бовар дорам.

Озодӣ: ИМА кадом авлавиятҳое дар Тоҷикистон дорад?

Кен Гросс: Мо дар бахшҳои мухталиф бо ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ҳамкорӣ дорем. Барои мо масоили амният ва субот дар минтақа, он чи дар солҳои ахир дар Афғонистон иттифоқ меафтад, бештар мавриди таваҷҷӯҳ, вале ҳамзмон мояи нигаронӣ будааст. Ҳамчунин, ҳамкорӣ бо шарикони мо дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Ин масоил на танҳо марбут ба Афғонистон ва Толибон, балки ба мушкилоти хатари қочоқи маводи мухаддир низ рабт мегирад. Мо дар ин масоил бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории хеле наздик барпо кардем. Ҳамчунин, мо талош дорем то ба рушди бахши соҳибкорӣ кӯмак кунем. Ман бар инам, ки вуруди сармояи хориҷӣ барои соҳиби ҷойи кор шудани бештари мардум дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина мо бо созмонҳои мухталиф дар Тоҷикистон низ ҳамкорӣ ба роҳ мондаем. Афзун бар ин, ду соҳаи дигаре дар Тоҷикистон аст, ки аз назари мо хеле муҳиманд. Ин на танҳо табодули назар дар сатҳи ҳукумат, балки дар сатҳи мардуми оддӣ низ аст. Чанд барномаи табодул рӯи даст дорем, ки сафари ҷавонони Тоҷикистон ба ИМА маҳаки он аст. Ин лоиҳаҳо имкон медиҳад, ки ҷавонони тоҷик муддати як сол дар хонаводаҳои амрикоиҳо зиндагӣ карда, дар мактаб таҳсил ва бо ҳаёти мардуми Амрико ошно мешаванд. Лоиҳаҳои табодул барои донишҷӯён ва мутахассисони соҳаҳои мухталиф низ мавриди иҷро аст. Аммо сафари амрикоиҳо ба Тоҷикистон низ хеле муҳим аст, то онҳо битавонанд, ин кишварро бештар биомӯзанд. Ин беҳтарин василаи сармоягузорӣ барои Тоҷикистон аст ва барои ошноии дутарафа низ шароит фароҳам меорад.

Озодӣ: Матбуоти Русия одатан иддао мекунад, ки ИМА ба Тоҷикистон аз лиҳози таъмини амният дар Афғонистон таваҷҷӯҳ дорад ва мехоҳад Душанберо аз таҳти контроли Кремл берун созад? Назари шумо дар ин замина чист?

Кен Гросс: Ман мутмаинам, ки Тоҷикистон як кишвари мустақил аст. ИМА ба навбати худ намекӯшад, ки Тоҷикистонро аз ҳамкориҳои суннатие, ки бо Федератсияи Русия таи солҳои зиёд доштааст, дур кунад. Мо бовар намекунем, ки муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон ва Русияву ИМА дар Тоҷикистон чунин танзим шудаанд, ки ба забони дигар гӯем, бурди як бахши давлатҳо бар зарари дигар ҷонибҳо арзёбӣ шавад. Фикр намекунам, ки агар як давлат бурд кунад, ин ба маънои бохти давлати дигар аст. Фикр мекунам, ки ин ҳамкориҳо ба манфиати ҳамаи се ҷониб, ҳамаи тарафҳои вориди ин муносибот дар баландтарин сатҳҳо мебошад. Мо бовар намекунем, ки агар равобити мову Тоҷикистон тавсеа ёбад, ин бар зарари муносибатҳои Тоҷикистону Русия меанҷомад. Федератсияи Русия барномаҳои тӯлонимуддати ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро дорад. Мо бовар мекунем, ки доштани равобити шаффофу боз бо Тоҷикистон ба манфиати ҳама тарафҳост.

Озодӣ: Имрӯз мавзӯи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон бештар матраҳ аст. Мардуми оддӣ инро ба маънои комилан берун шудани ИМА аз хоки Афғонистон мепиндоранд. Бигӯед, ки агар ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ аз Афғонистон берун шаванд, онҳо чӣ гуна метавонанд манофеи геополитикии худро дар ин минтақаи муҳими ҷаҳон ҳимоят кунанд?

Кен Гросс: Албатта, оиди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон баҳсу мунозираҳои зиёд аст. Ва ин тарҳ бояд то соли 2014 амалӣ шавад. Аммо ин ба он маъно нест, ки нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро комилан тарк мекунанд. Ин раванд марҳила ба марҳила иҷро хоҳад шуд. Шуморе аз нерӯҳои амрикоӣ дар қаламрави ин кишвар боқӣ мемонанд ва барои тақвияти фаъолияти сохторҳои қудратии Афғонистон ва тарбияи воҳидҳои миллии амниятӣ кӯмак хоҳанд кард. Ҳадафи аслӣ он аст, ки то соли 2014 таъмини амниятро худи афғонҳо ба дӯш бигиранд.

Озодӣ: Бар пояи баъзе манобеъ, пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтаанд, ки зидди истиқрори бахше аз ин нерӯҳо дар қаламрави кишварашон нестанд. Гуфта мешавад, ин мавзӯъ дар ҳошияи нишасти Чикаго низ матраҳ шудааст. Оё ин воқеият дорад ва чӣ шарту шароитеро дар бар мегирад?

Кен Гросс: Ман дар нишасти Чикаго ширкат надоштам, аммо то ҷое огоҳам, масъалаи истиқрори эҳтимолии нирӯҳои хориҷӣ дар хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан матраҳ нашудааст. Дар меҳвари гуфтугӯҳо - масъалаи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон буд. Таваҷҷӯҳ ба ин равона гардид, ки то соли 2014 ва баъд аз он чӣ корҳое барои таъмини амният дар Афғонистон бояд анҷом шавад. Ин нишаст барои шунидани ӯҳдадории НАТО, кишварҳои эътилоф ва давлатҳои ҳамсояи Афғонистон дар сулҳу суботи минтақа барпо шуд. Беруншавии нерӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистон ба маънои анҷоми ширкати НАТО, кишварҳои эътилоф ва давлатҳои дигар дар амалиёти ҷангии Афғонистон аст, то ки таъмини амният дар ин кишвар ба дӯши худи афғонҳо гузарад. Соли 2014 ба маънои он нест, ки мо дигар нирӯҳоро берун мекашему аз ин кишвар меравем. Мо ва давлатҳои дигар пуштибонии Афғонистонро идома хоҳем дод ва аз рӯи зарурат, барои нарм гузаштани марҳилаи гузор дар ин давлат саҳм хоҳем гузошт. Такрор мекунам, ҳеҷ нақшае дар заминаи истиқрори нерӯҳо дар хоки Осиёи Марказӣ матраҳ нест. Мо ҳамкории худро бо ҳукумати Тоҷикистон дар амри тақвияти марзҳо ва машваратҳо идома хоҳем дод.

К.Гросс: “Амрико Тоҷикистонро аз ҳамкорҳои суннатияш дур намекунад”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:36 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Назари Шумо ба мушкилот дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ки ба эътиқоди мунтақидон аз лиҳози дипломатия дучори бунбаст шудааст, чист?

Кен Гросс: Мардуми тоҷику узбак, ба ҷуз тафовути забонӣ, дар тӯли ҳазорсолаҳо муштаракоти таърихиву фарҳангии хеле зиёд доштанд. Инҳо ду рафиқе ҳастанд, ки дар равобиташон нофаҳмӣ ва ё мушкиле пеш омадааст ва далели ин мушкилот хеле ҷиддӣ ба назар менамояд, аз ин хотир, ки онҳо ба ҳам хеле наздиканд. Шояд ёфтани роҳи ҳалли баъзе аз ин мушкилот осон набошад. Вале беҳтарин роҳи ҳалли ин масоил идомаи музокираҳои раҳбарони ин давлатҳо мебошад. Хуб мешуд, агар ин давлатҳо барои аз байн бурдани ихтилофи назарҳо миёни ҳам талоши бештар ба харҷ диҳанд. Тоҷикистон ва Узбакистон аз лиҳози ҳудуди марзӣ ва маъмурӣ ҷудо бошанд ҳам, аммо мардум бо ҳам муштаракоти хеле наздик доранд. Умедворам, ки он чи ки дар равобити ин ду мардум мегузарад, дар таърихи муштараки онҳо марҳилаи хеле камеро фаро хоҳад гирифт.

Озодӣ: Оё ИМА метавонад дар беҳбуди равобити миёни ду кишвари ҳамсоя дар минтақа, ки барои Вашингтон ҳам шарики муҳими стратегӣ маҳсуб меёбанд, мусоидат кунад?

Кен Гросс: Албатта, мо манфиатдорем, ки ҳар чӣ аз дастамон ояд, анҷом диҳем, вале мо бояд ба ин давлатҳо кӯмак кунем, ки худашон муносибати байниҳамдигариро барқарор кунанд. Мебинам, ки бисёри масъалаҳои мавҷуда марбут ба худи ин давлатҳост ва ҳеҷ масъалае нест, ки берун аз ҳудуди ин кишварҳо бошанд ва ИМА омада бигӯяд, ки “мо манфиатдорем”, ки онҳоро ҳал кунем. Агар ин давлатҳо кӯмаки моро хоҳанд, мо бо хурсандӣ ёрӣ хоҳем кард. Аммо мо ба ин назар ҳастем, ки Тоҷикистон ва Узбакистон ин масъаларо бояд аз тариқи музокираи мустақим ҳал кунанд.

Хуршеди Ҳамдам зимни сӯҳбат бо сафири Амрико дар Тоҷикистон.
Хуршеди Ҳамдам зимни сӯҳбат бо сафири Амрико дар Тоҷикистон.
Озодӣ: Роберт Блейк, дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки Эронро таҳрим кунанд. Дар сурати идомаи ихтилофоти Ғарб бо Эрон, оё эҳтимоли ин вуҷуд дорад, ки Ғарб аз иқдомоти радикалии таҳдиди бештари Теҳрон кор гирад? Бархе аз он ҳарос доранд, ки ИМА алайҳи Эрон ҷанг эълон хоҳад кард.

Кен Гросс: Мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон мояи нигаронии на танҳо ИМА, балки Шӯрои Амнияти СММ ва ҳамчунин Ожонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) аст. Ҳеҷ кишваре мухолифи ин нест, ки Эрон энержии ҳастаиро бо ҳадафҳои сулҳомез истифода кунад. Мушкил сари он аст, ки далелҳое вуҷуд дорад, ки Эрон ин барномаро ба ҳадафи тавлиди силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад. Таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ низ он аст, ки Эронро водор кунад, то аз ин ҳадафаш баргардад. Зеро Эрон узви созишномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ аст. ИМА ду роҳро рӯи даст гирифтааст. Ин роҳи фишор ва ҷалб намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин қазия. Агар Эрон ҳадафи сулҳомез дошта бошад, ИМА мухолифате надорад. Аммо барои ин Эрон бояд далелҳое пешниҳод кунад, ки иқдомаш сулҳомез аст. Мо аз тариқи дипломатия Эронро ташвиқ карданием, ки ин ба манфиати ҳам Эрон ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ба ин хотир аз ҷумлаи намояндагони МАГАТЭ бояд санҷиши шаффофияти ин масъала сурат гирад. Аз сӯи дигар, мо аз тариқи таҳримот, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ кардаанд, мехоҳем, то пажӯҳиши комил сурат бигард ва шакку шубҳаҳо бартараф шавад. Умедворам, ин иқдомот натиҷаи муассир медиҳанд ва мо метавонем мувофиқати Эронро ба даст орем ва музокирот кунем. Ҳама талошҳо ба хотири он аст, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ тавлид накунад. Албатта, мо ба баргузории музокироти сулҳомез бартарӣ медиҳем. Музокироти Бағдод, низ хеле муаассир буд ва чунин фазоро идома хоҳем дод.

Озодӣ: Дар сурати оғози ҷанг алайҳи Эрон, ИМА чӣ вокунишеро аз сӯи шарикони худ дар собиқ шуравӣ, ба хусус Тоҷикистон интизор аст?

Кен Гросс: Он гуна, ки таъкид кардам, ба ҳалли ин масъаларо аз тариқи музокирот ва гуфтугӯи сулҳомез бо давлати Эрон авлавият медиҳем. Агар ин иқдомот муассир набошанд, таҳримот ва фишор боз бештар хоҳад шуд. Мавзӯи марбут ба «имкон» -и амалиёти низомӣ хеле тахайюлӣ аст, ба хусус ҳангоме, ки ба дигар кишварҳо рабт мегирад. Мо алоқаманди инем, ки ин масъалаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Эрон бидуни истифода аз амалиёти низомӣ ҳалли худро пайдо кунад.

Озодӣ: Оё аз назари Шумо, ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти сиёсӣ ниёз дорад?

Кен Гросс: Ин ба иродаи мардуми Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки аз ҳукумати кишвараш чӣ мехоҳад. Мо бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории доимӣ дорем ва агар масъалае пеш ояд, ҳатман онро дар миён мегузорем. Аммо ин дар ихтиёри мардуми Тоҷикистон аст, ки бигӯяд, ину он паҳлуҳо бояд ислоҳ шаванд.

Озодӣ: То чӣ ҳад, ҳукумати Тоҷикистон интиқоди Ғарбро дар умури риояти ҳуқуқи башар ва ислоҳоти демократӣ қабул дорад?

Кен Гросс: Суоли бисёр хуб аст. Албатта, ҳеҷ кишваре танқидро намеписандад. Мо ҳамеша масоили мавриди назарро бо ҳукумат мартаҳ кардаем. Ин гуна масоил ба озодии баён, ислоҳоти интихобот ва дигар мавзӯъҳо робита мегиранд. Мо бовар дорем, ки интиқдоти моро давлати Тоҷикистон ҷиддӣ қабул мекунад. Ҳадафи интиқоди мо беҳтар кардани фаъолияти ҳукумат ба хотири мардумаш аст. Мо бо ҳукумат дар гуфтугӯ ҳастем ва ин ҳамкории мо дар сатҳи хуб аст. Замоне, буд, ки онҳо намехостанд, ки мо танқид кунем. Онҳо ҳам ба мо назари худро дар бораи мо мегӯянд ва мо ҳарфи онҳоро гӯш мекунем. Ҳар ислоҳоте ҳукумат мекунад, ба хотири мардуми худаш мекунад.

Озодӣ: Ҷаноби сафир, қабл аз мақоми сафирӣ, Шумо як масъули сафорати ИМА дар Душанбе будед ва баъдан ба ҳайси сафир дубора ба Тоҷикистон баргаштед. Шумо аз фаъолияти хеш дар Тоҷикистон қаноатманд ҳастед ва дурнамои муносиботи ИМА ва Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Кен Гросс: Муносиботи мо бо Тоҷикистон хеле хуб аст. Ман аз давраи солҳои 2002-2004 дар Тоҷикистон фаъолият дорам ва эҳсос мекунам, ки мо наздиктар мешавем. Фикр мекунам, манофеи муштараке ҳам дар баъзе масоил дорем. Ҳастанд, соҳаҳое, ки бояд мо ҳамкориро бештар тақвият бидиҳем. Яке аз чунин бахшҳо машваратҳои Тоҷикистон ва ИМА аст, ки саввумин чунин нишаст ҳафтаи гузашта дар Вашингтон ба поён расид. Барои ман муҳим он аст, бидонам, ки сатҳи ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон чӣ гуна аст. Фикр мекунам, муносибот густариш меёбанд ва қавӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG