Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи футзоли Тоҷикистон дар Дубай


25-уми май дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи 12-уми қаҳрамонии футзали Осиё бо ширкати 16 даста оғоз ёфт. Мусобиқа дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи «В» дар муҷтамаи варзишии «Ал-Васл» бар дастаи Тайван бо ҳисоби 6:4 пирӯз шуд. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Ҷопон бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.
Мунтахаби Тоҷикистон 26-уми май бо дастаи Ҷопон ва 27-уми май бо дастаи Лубнон бозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG