Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри гузориши солонаи вазорати умури хориҷии ИМА


Вазорати умури хориҷии ИМА гузориши солона оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар оламро нашр кард.

Дар гузориш ба кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ, ки соли гузашта он ҷо инқилобҳои “баҳори араб” сурат гирифтанд, таваҷҷуҳи беҳтар зоҳир шудааст.

Ба навиштаи муаллифон, суқути низомҳои худкома роҳро барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандӣ ҳамвортар намуд, вале алҳол авзоъ дар кишварҳои минтақа ноором боқӣ мемонад.

Дар гузориш ба таъқиби мухолифин, қонуншиканиҳо дар интихобот ва нақзу маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандӣ дар Русия таъкид шудааст. Миёни кишварҳое, ки дар онҳо ҳуқуқи мардум дағалона поймол мешаванд, Эрон, Туркманистон, Узбакистон ва Белорусия номбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG