Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Миср поён ёфт


Дар Миср раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ поён ёфт. Ин нахустин интихоботи президентӣ баъд аз истеъфои Ҳуснӣ Муборак бар асари эътирозҳои мардумӣ дар моҳи феврали соли гузашта буд.

Бар пояи иттилои расмӣ, беш аз 50 дар сади афроди соҳиби аҳққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд. Ба хотири ширкати теъдоди ҳарчӣ бештари мардум панҷшанбе, рӯзи дуюми раъйдиҳӣ, рӯзи истироҳат эълон шуда буд. Мақомоти интихоботии Миср мегӯянд, ки раъйдиҳӣ дар маҷмӯъ ором гузашт, ҳарчанд дар бораи қонуншиканиҳои ҳам шикоятҳо расидаанд.

Ҳисобу китоби раъйҳо чанд рӯз идома хоҳад кард.

Барои мақоми сарвари Миср 13 нафар вориди сабқат шудаанд. Агар дар даври аввал нафаре аз довталабон ба пирӯзӣ даст наёбанд, моҳи июн даври дуюми интихобот баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG