Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳҳои Тоҷикистон соҳиби имтиёзи бештар шуданд


Акнун додгоҳҳои Тоҷикистон имкон доранд хуруҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷро маҳдуд кунанд. 23 май Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар ин бора санадеро ба тасвиб расонд. Рустам Менглиев-вазири адлияи Тоҷикистон ба намояндагони порламон гуфт, ки ҳадаф аз ворид кардани чунин илова ба қонун боло бурдани нақши додгоҳҳо дар ҷомеа мебошад.

Акнун тибқи ин илова мақоми иҷроии додгоҳ бидуни судури иҷозаи махсус ҳақ дорад, шахси мавриди назарро маваққатан аз рафтан ба хориҷ боздорад. Чунин ашхос метавонанд ононе бошанд, ки аз дигарон ё аз давлату ҳукумати Тоҷикистон қарзҳои молӣ доранд.
XS
SM
MD
LG