Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI аз вазъи озодиҳо дар Русия интиқод кард


Созмони байнулмилалии Афви Байнулмилал ё Amnesty International дар гузориши солонаи худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар олам мақомоти Русияро барои нақзи озодии баёну озодии ширкат дар гирдиҳамоиҳо, боздошти бидуни далели фаъолон ва раҳбарони мухолифин баъд аз эътирозҳои густурда дар моҳи декабри соли гузашта танқид кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамчунин ба қонуншиканиҳои зиёд дар маъракаи интихобот ба Думаи давлатӣ, фасод ва нақзи ҳуқуқҳо шаҳрвандон дар Қафқози шимолӣ таъкид кардаанд.

Дар гузориши ахири Афви Байнулмилал ҳамчунин Чин, Белорусия, Узбакистон, Туркманистон ва Эрон барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқоди шадид қарор гирифтаанд.

Amnesty International ҳамчунин хостори бознигарии нақши Шӯрои амнияти СМ шуда, дар асл онро дар бетафовутӣ ба ҳаводиси Сурия баъд аз ветои Русияву Чин ба қатъномаи ин ниҳод айбдор кардааст. ИМА, дигар кишварҳои ғарбӣ ва Арабистони саудӣ барои он танқид шудаанд, ки ба ҳаводиси Баҳрайн таваҷҷуҳ накардаанд.
XS
SM
MD
LG