Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А. Отамбоев: "Бе оппозитсия ҳукумат вайрон мешавад..."


Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳангоми посух ба пурсишҳои мудири Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Венера Ҷуматаева ва раҳбари ин бахш дар Бишкек Султон Ҷумъагулов. 23-юми майи соли 2012.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳангоми посух ба пурсишҳои мудири Бахши қирғизии Радиои Озодӣ Венера Ҷуматаева ва раҳбари ин бахш дар Бишкек Султон Ҷумъагулов. 23-юми майи соли 2012.

Раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, кишвараш ҳамоно дар ҳоли омӯзиши таҷриба кардани низоми порлумонӣ аст.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бар ин аст, ки баҳсу кашокаши сиёсӣ бояд аз хиёбонҳо ба порлумон "кӯч" дода шавад ва кишвар дигар фурсати тазоҳуроту шиорафканӣ надорад. Вай ба ҳайси ҳушдор ба мухолифони сиёсии худ, аз ҷанги дохилии Тоҷикистон намуна овард. Дар мусоҳибаи ихтисосӣ ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ вай гуфт, дуруст аст, ки ягон кишвар бе мавҷудияти мухолифати сиёсӣ рушд карда наметавонад ва "бе оппозитсия ҳукумат вайрон хоҳад шуд", аммо, афзуд президенти Қирғизистон, бархе аз раҳбарони мухолиф дар кишвараш ба силоҳи сиёсии нерӯҳои хориҷӣ табдил ёфтаанд.

Дар ҳоле ки ӯ иқрор кард, ду режими қаблӣ ғолибан ба фишор рӯйи мухолифон машғул буданд ва оқибати ин фишор ба инқилобҳо расонд, дар бораи муносибати худаш ба мухолифон чунин гуфт: “Ман муқобили тазоҳурот ва пикетҳо нестам. Аммо, тавре ки рӯйдодҳои фоҷиавии солҳои 90 дар Тоҷикистон нишон доданд, хадамоти махфии кишварҳои сеюм метавонанд дар байни тарафҳои рақиб низоъ барангезанд.”

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар ин мусоҳиба ба бартарӣ доштани масъалаҳои иқтисодӣ ва зарурати густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ таъкид кард ва афзуд, ҳамзамон дар чунин ҳамкориҳо бояд аз манофеи миллии кишвари худ дифоъ намуд. Вай ин ақидаҳоро, ки сохтмони роҳи оҳани фаромиллӣ аз Чин то Узбакистон ба густариши “хазанда”-и Чин дар қаламрави Қирғизистон сабаб мешавад, рад кард. Қарор аст, ин роҳ шаҳри Қошғари Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури Чинро бо Андиҷони Узбакистон васл кунад. Барои сохтмони он 2 миллиард доллар зарур аст, вале ҳанӯз рӯшан нест, кӣ онро сармоягузорӣ хоҳад кард. Қирғизистон ва Узбакистон дар ин тарҳ чашм ба сӯи Чин доранд.

Президент Отамбоев афзуд, ин роҳи оҳан на танҳо аҳамияти байнулмилалӣ дорад, балки ҳамчунин шимоли Қирғизистонро бо ҷануби он васл хоҳад кард ва бояд ба ҳамбастагии иқтисодии минтақаҳо ва куллан рушди иқтисод дар кишвараш мусоидат кунад: “Мо бояд муносибатҳои дуҷонибаро бо ҳамсояи наздикамон Чин, ки захираҳои азими иқтисодӣ ва молӣ дорад, густариш диҳем. Дар масъалаи сохтмони роҳи оҳан Қирғизистон дар назди Чин шартҳои худро гузоштааст."

Дар бобати ҳифзи тафоҳум ва созгории байниқавмӣ дар Қирғизистон, президент Отамбоев гуфт, ҳукуматаш тамоми талошро мекунад, то рӯйдодҳои хунини соли 2010-и Ӯш ва Ҷалолобод такрор нашаванд. Дар ин хушунатҳои байни қирғизҳо ва узбактаборон дар ин ҷо садҳо нафар кушта ва ҳазорон нафар бехонумон шуданд. Ҷаноби Отамбоев ишора кард, ки дар панҷоҳ соли охир дар ҷануби кишвараш се муноқишаи калони байниқавмӣ ба амал омад. Ба ақидаи ӯ, миллатгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамчунин мудохила аз берун, сабабҳои асосии низоъҳои байниқавмӣ мебошан: “Мутаассифона, ҳоло баъзе аз сиёсатмадорон ба бозиҳои хатарноке машғуланд. Бо ангехтани таҳаммулнопазирии қавмӣ онҳо ба осиёи он нерӯҳои хориҷӣ об мерезанд, ки аз сиёсати мустақилонаи кишвари мо хушашон намеояд ва хостори ноамнию маҳви кишвари моянд."

Раҳбари Қирғизистон ҳамчунин илова намуд, ки аз ташаббуси барҳам додани қайди миллат дар шиносномаи шаҳрвандони кишвараш ҳимоят мекунад ва мегӯяд, беҳтар аст, дар ин санад ду калима навишта шавад – “Шаҳрванди Қирғизистон”.

Дар бораи сарнавишти пойгоҳи ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Манас пас аз соли 2014, вақте бахши аъзами нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мераванд, Отамбоев гуфт, фаъолиятҳои Иёлоти Муттаҳида аз тариқи фурудгоҳи мулкӣ ҷараён хоҳад гирифт: "Ҳоло Иёлоти Муттаҳида дар Маркази Транзитии Манас ва фурудгоҳи мулкии Манас -- фурудгоҳи асосии Қирғизистон, нерӯ дорад. Аммо пас аз соли 2014 дар он ҷо бояд ҳеҷ нерӯе боқӣ намонад. Вале дар интиқоли бор ва икмолот ба Афғонистон мо ёрии худро идома медиҳем. Барои интиқоли бору муҳимот ба Афғонистон ба ҳузури нерӯҳо дар Маркази Транзитии Манас зарурате нахоҳад буд."

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Қирғизистон борҳо гуфтааст, баъд аз поёни созишномаи феълӣ мӯҳлати иҷорати Манасро барои нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида тамдид нахоҳад кард.

Муносибатҳои Бишкек ва Маскав моҳҳои охир сари баҳсҳои, аз ҷумла ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии Қирғизистон ва сарпечии Бишкек аз додани назорати корхонаи таслиҳоти баҳрии "Достон" ба сардӣ гароидааст. Дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Отамбоев гуфт, тарафҳо ин баҳсҳоро ҳал хоҳанд кард.

Порчае аз посухи раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев ба суолҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ Венера Ҷуматаева ва Султон Ҷумъагулов:

XS
SM
MD
LG