Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти "хеле пурсамар"-и Амано дар Теҳрон


Амано дар Теҳрон

Амано дар Теҳрон

Телевизиони давлатии Эрон аз қавли раҳбари Ожонси назорати нирӯи атомии СММ Юкия Амано хабар дод, ки ӯ дар Теҳрон бо мақомоти эронӣ музокироти “хеле пурсамар” дошт. Ҳадафи сафари Амано фишор ба Теҳрон буд, то ба муҳаққиқони Ожонси ҳастаӣ дастрасӣ ба таъсисоти дахил дар таҳаққуқи эҳтимолии силоҳҳои ҳастаиро иҷозат диҳад. Ҷумҳурии исломӣ ҳар навъ талошаш барои сохтани чунин силоҳҳоро радд мекунад. Сафари Амано дар пешорӯи даври навбатии музокироти Эрон бо 6 қудрати ҷаҳонист, ки рӯзи 23 май дар Бағдод оғоз хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG