Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чен Гуанченг-фаъоли нобинои Чин ба Амрико расид


Чен Гуанченг
Чен Гуанченг
Чен Гуанченг-фаъоли нобинои ҳуқуқи башари Чин, ки ахиран ба масъалаи баҳси Амрикову Чин табдил шуда буд, ба Амрико расид. Вай шоми шанбе бо хонум ва ду фарзанди худ дар фурудгоҳи байналмиллалии Ниюарк фуруд омад. Вақте мақомот ба вай гуфтанд, ки барои парвоз омодагӣ бигирад, вай аз шифохона мустақиман ба фурудгоҳ шитофт.

Баъд аз 7 соли зиндон ва ҳабси хонагӣ Чен моҳи апрел аз деҳааш фирор кард ва дар сафоратхонаи Амрико дар Пекин паноҳанда шуд. Ин кори Чен боис шуд, ки мақомот вориди музокирот шаванд. Дар натиҷа тавофуқ ба даст омад, ки Чен таҳсилашро дар яке аз донишгоҳҳои Амрико идома диҳад.
XS
SM
MD
LG